Шоҳроҳи истиқлол

– Рафта аз падару модараш пурс. Онҳо куҷо буданд? Чаро фарзандашонро соҳиб нашуданд? Мезоянду ба кўча сар медиҳанд. Паноҳашон ба Худо. Баъд кӣ гунаҳгор, духтур.
«Худоё, чӣ гуноҳе содир карда будам, ки ба чунин инсони сияҳдилу беинсоф рў ба рўям кардӣ?»
– Кам диҳаду ғам не!
– Чӣ-ӣ?! Таъна мезанӣ, ё тарсам медиҳӣ?
Дар ин ҷо аз раҳму шавқат осоре дида намешуд. Аз дару девор садои «Пул! Пул!» меомад. Ба ҳар куҷо ки менигарист, манзар аз пул дошт. Ҳар он садо ки мешунид, садои пул буд.
Фурўғ ба чашмонаш бовар намекард. Ба хаёлаш ки хоби даҳшатноке медид. Кош ҳамаи ин хоб мебуд. На, ў хоб намедид. Хоб набуд. Ҳақиқат буд, ҳақиқати талх. Вай аз забони садҳо одамон дар бораи ҷаври духтурон шунида буд. Дар маҷаллаву рўзномаҳо даҳҳо мақолаи даҳшатнок хонда буд.
Вале бовар намекард. Ҳангомаву овоза мепиндошт. Ҳоло бошад бо чашмони худ медид. Ва беҳуда ҳам онҳоро Шабзод ном намебурдаанд. Халқ хуни дил мехўранду онҳо хуни ҳалқро мемаканд. Ва ў аз ҷафои ҷарроҳ ба дод омад:
– Худат хурду нафсат калон!
– Э бас кун-э!
– Дониста бош: Нафси бад – балои ҷон!
– Хайр, ғавғо бас! – дод зад ҷарроҳ. – Ку кабинетро холӣ кунед! Тез!
– Не, то ҷарроҳӣ накунед, ба ҳеҷ куҷо намеравем.
– Э безор аз ҷонам кардед! Асо! Асо-о!! – ҷарроҳ аз қаҳр дод зад. – Куҷо шудӣ? Ку ин ҷо биё!
Ба кабинет як марди паҳлавонҷуссаи тоссар даромад.
– Чӣ мегўӣ, раис?
– Инҳора барор, ки асабҳоямро хароб карданд.
Ба тани Фурўғ чизе хазид.
– Чӣ гуноҳ кардаанд? – чашмони ў ба рўи Фурўғ лаҳзае мехкўб шуд.
– Ғайри кори савоб ягон гуноҳе накардаем, – гуфт Фурўғ.
– Ҳм…м. Ин… – Асо номуайян ғур-ғур кард.
– Беҳуда намегўянд: ё хара пеши бор, ё бора пеши хар!
– Чӣ-ӣ?! – Асо теғи нигоҳ сўи пирамард кашид, ваҷоҳаташро бадҳайбат намуд, ки дар ниҳоди меҳмонон тарсу ларз ва ҳарос эҳё созад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор