Шоҳроҳи истиқлол

Тамоми вуҷуди Фурўғро ҳиссиёти навмедона ва ноилоҷӣ фаро гирифт. Дилаш ях шуд. Тамом! Ҳамааш барбод рафт!
Бача наҷот намеёбад. Дар вуҷудаш, ҳисси ғазаб ва дилхунукӣ нисбат ба ҷарроҳ пайдо шуд. Ҳуд ба худ андешид, ки аз афташ бо сухани хуб бо ў гуфтугў кардан бефоида аст.
– Инсони разил! Бешараф!
Нафасаш банд омад, лабонаш париданд. Пирамард ҳайратзада ба ў нигарист. Ваҷоҳаташ дигаргун гашт.
– Писарам, ором, ором бош. Илтимос.
Фурўғ худро ба даст гирифту фикри аз куҷо пул ёфтан дар сараш чарх зад. Ва якбора симои як дўсташ пеши назараш ба ҷилва омад. Зуд рў ба ҷарроҳ овард:
– Чанд сомонӣ лозим?
– Чӣ-ӣ? Сомонӣ? Э, мо бо сомонӣ кор намекунем.
– Бо чӣ кор мекунед? – ҳайрон ба рўи ҷарроҳ нигариста пурсид Фурўг.
– Намедонӣ? Не, ту намедонӣ?
– Охир, аз куҷо донам?
– Чаро худатро мусичаи бегуноҳ мегирӣ? Чаро худро ба нодонӣ мезанӣ?
– Нодонӣ? – гашта пурсид Фурўғ. – Агар медонистам, ҳоло пеши шумо набудам.
– Чӣ, ту магар аз моҳ афтидӣ? Набошад бидон, бо доллар.
Як ман не, ҳама духтурон бо доллар кор мекунанд. Умуман, на танҳо духтурон. Ҳама. Фаҳмидӣ?
Ранги сабзи доллар пеши чашмаш ҷилва кард. Ин ҷилва дилашро табдили ранг дод. Кунун дилаш ранги зард дошт.
– Хайр, чанд доллар лозим?
– Лозим нагўй, миннат накун, – бо зарда гуфт ҷарроҳ. – Ман барои ту гадо нестам. Ман аз ту пул наметалбам. Ман ҳаққи хизматамро мегирам. Фаҳмидӣ?
– Фаҳмидам. Гўй, чӣ қадар?
– Аслан, ҳаққи хизмат сесад доллар мешавад, – гуфт ҷарроҳ. – Вале, майлаш, барои ту гузашт мекунам. Дусад доллар биёр мешавад.
Пирамард ба шўр омад:
– Чӣ-ӣ? Дусад доллар? О ин беинсофии рўирост-ку! Мебахшед…
– Бахшиш-пахшиш нест!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор