Шоҳроҳи истиқлол

“Ҷангал наздик аст, хона ҳангоми рафти баҳорону омади тобистон бино шудааст” андешид мард.
Боди раҳгузар ногаҳ раҳ дигар кард, поён фуромад, ба девору боми хона зад; аз роғи вассаҳо риштаи хок зер омад, ки садои аз миёни найи хушк гузаштанаш хазидани мор андаруни баргҳои хазонро ба ёд меовард. Ва ин садо андаруни хонаи тору бесадо тозиши тарсро нерў бахшид, чизеро тунд то гулўи мард кашид: “омаданд..!” Фарёди тарсбор, ки аз кунҷи дигар баромад, нагзошт ин андеша аз нав, бори сад ё ҳазор, дар мағзи мард то ба охир зояд. Вай ба ташвиш ва нимашунаво овоз даровард:
-Гулафшон...?!
-Чизе рўи пом медавад, падар!
-Муш аст.
-Муш нест, дандон мезанад, мегазад.
-Гурусна аст...
Падар гургбанд буду духтарро танҳо дастҳо дар банд.
Мард инро ҳамин акнун ба ёд овард. Ба ёд овард, ки вай кабкро тамошо мекарду Гулафшон ҳино ба даст мебаст. Ва ногаҳ...
Ёди он дам оби аламро башаст то гулўш овард, роҳи нафасро баст. Вай, ангор ғўзаи хор фурў мебурд, ки ба душвор оби гулўро хўрд ва ин бор пасттар аз пешина гуфт:
-Наздик биё.
Духтар чизе нагуфт, хост бархезад, аммо натавонист ба по шуд, ба зону раҳ рафт; домани дарози пераҳан ба поҳо печид, гарди тунуку сабуки деринаро аз пайраҳаи рўи фарш сохтаи хазандаҳо боло кашид; бўйи хоки мурда, торикӣ ва муш ба машом расид. Вай ин гуна то падар омад, худро дар оғўши ў зад, сар ба синааш овард. Бўйи ҷавону бомазаи ҳинои тоза, ки аз дасту пойи духтар хеста буд, бўҳои чиркину дардманду пирро кушт, аз миён бурд. Косаҳои чашми мард пури об шуд, манаҳаш ларзид ва ногаҳ, ба гунаи ҷодуӣ бозпас ба ҳамон дами гарму равшан расид; Гулафшон ҳино ба дасту по мебаст, вай роҳравию гарданзании кабкро нигоҳ мекард. Кабк, пиндор ҳуснфурўшӣ мекард, ки гардан афрохтаву сари зеборо ба чапу рост тофта, чида-чида гом мезад. Шигифтангез он буд, ки кабку духтар иртиботе розолуд месохтанд дар мағзи падар; ҳангоме ки духтарро медид, кабкро ба ёд меовард, даме ки кабкро медид, духтарро. Ин пайванд ба зебоии он ду дошт. Ва гаҳ-гоҳ ки нохудогоҳ ба духтар менигарид ва ўро зеботар аз дина медид, аз чизе метарсид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор