Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Нерўи тунду саркаши зебоӣ ангезае мезод дар ниҳодаш олуда ба васвасаву бим, ки тарозуи танро вайрон мекард, зери кашу пушти лабаш арақ менишаст...
-Метонӣ дастома кушоӣ?
-Чӣ гуна...?
-Ба дандон...
Гулафшон чун оҳубараи аз чанги паланг раҳидаву ба макони амн расида, ҳамон дар оғўши падар буд. Пас аз ин гап танашро андак канор кашид, ба рўи ў нигарист. Овози падар лаҳне дошт сард, бегона ва занандаву газанда; гўё ў набуд, кадом бегона буд, ки аз роҳи фармон мегуфт. Як он дар даҳлези дили духтар садои вохоҳӣ баланд гашт: “чаро дасти ў?”, аммо ба забон наёвард. “Оре, падар. Нахуст ўро бояд раҳо кард...” Ду дасти мард чун ду боли таҳкардаи паранда ба пушт овардаву дар баробари шонаҳо чилик кардаву сахт баста буд. Дарди шона, рагу пай ва пайванди дастҳои қат он гуна гарм буд, ки хунро дар андомҳо меҷўшонд, ҳамаи ҷойи танро месўзонд. Мард ба душвор гап мезад, камтарин ҷунбиши андом, пиндор ба оташи тан доман мезад, ки сўзи дардро дучанд мекард. Духтар ин бор осон ба по шуд. Мард як он бар ў хира гашт, ки метавонист нахеста ин корро кард, аммо ногаҳ боз ҳамон дарёфти тарсзо дар дилаш нишаст ва ҳуши ўро сўи дигар овард. Вай бо шигифт дид, бўҳои серу пурбори тани духтар ногаҳ, пас аз бархостан ҳар андомро дар пайкари расову зебои ў он гуна равшану диданӣ карданд, ки пиндор вай пероҳан барандохтаву бараҳна истода буд. Бори нахуст буд, ки бў дар мағзи ў ин гуна суратгарӣ мекард. “Ин дасисаи Шайтон аст, вай бар сустии имони ман механдад ва то куҷо асири ҳавои тан будани рўҳамро месанҷад. Кош аз модар намезодӣ духтар!” Гулафшон бозпас сари зону нишаст, гираҳи ресмонро ба даҳон овард, дандон бар он зад. Бўйи туршу вазнини арақи мард, ки аз зери каш меомад, нафасгираш кард, мазаи пашми олуда ба заку мезак рўйи забонаш нишаст. Вай сарашро канор овард, нафас рост кард ва дубора дандон ба ресмон зад. Гираҳ ба гунае сахт буд, ки мегуфтӣ ресмон аз пашм не, аз санг аст. Бузмў монанди теғ милкҳоро бурид, даҳон пур аз пашму хун гардид. Духтар хуну мўву оби даҳонро бар пештанаву рўйи зонуҳо туф кард, бозпас дандон ба гираҳ зад. “Падар ки раҳо гашт, дасти маро мекушояд ва ҳамроҳ... Ё шояд то он гоҳ Сипанд расад. Сипанд...Вай бояд бирасад...

пешина
аз 276
навбатӣ