Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Бин, чӣ хел ҳунармандона сохтаанд! Лонаи парасту аз ду хонача иборат аст,– суханашро идома дод пир. Хоначаи калон барои тухмгузорист, ки онро хеле мустаҳкам месозад.
Даҳлези хона ҳам аз сангрезаҳо омода шудааст. Дигар ягон парандаи дунё чунин ҳунар надорад. Охир парасту чунон лона месозад, ки аз дари лона ғайр аз худаш ягон хазанда ё парандаи дигар даромада наметавонад.
… Акнун пиру кампир, ки то ин дам бепарво буданд, бо ҳавас ба равуои ҷуфти парасту назора доштанд. Ҳавои тозаи баҳорӣ ба димоғ бўи муаттари гулҳоро меовард. Пир дилпур гашт, ки имсол ҷуфти парасту дар ҳавлии онҳо чўҷа мебарорад. Аз ин хаёл қалби пир ором гашт. Дигар ҷуфти парасту аз чизе бим надошт. Онҳо гоҳ як дона хас, гоҳ ришта ва гоҳе наск барин лой дар минқор дохили кунҷи айвон мешуданд…
Юнус ЮСУФӢ

ТОРИКӢ

Хона тиреза надошт; торикии ситабру сард буд, тарсу алам ва бў. Бўи арақи тан, дудаву равған, шошаи муш, чиркмурда ва фақру хашм. “Меоянд...” Ҳар бор ки бўҳои пиру касифу хашин нафасгираш мекунанд ва ў даҳон мекушояд ва шонаҳояш мехезад, ресмони бузмў чун теғе тафсону тез дар пўсту гўшти тани бараҳна фурў меравад, дардро то ба мағзи устухон мебарад, аз марз мегузарад ва мард барои он ки аз ҳуш наравад, базўр ин фикрро дар мағз ҷо медиҳад: “...духтара мебаранд, мана мекушанд...” Пас аз ин андеша тану дарди тан як он аз ёд меравад, мушакҳои таранги рў ва чашмҳо суст мешавад, пилкҳои хилмзадаву часбида во мегардад ва ў дар дурии дастнорас нахе сапедро мебинад; равшании рўз аст он, ки аз роғи мўмони тахтаи дар медарояд. Ва ҳар бори ба ин дам расидан мард аз нўки риштарўшноии дур медорад, онро наздиктару наздиктар меорад, торикии ғафсу сардро андак тунук месозад ва камкам фазои хонаву давру барро мебинад; равшанӣ нерўи тавоност, як реса нур як хона торро мекушад.
Хона ҳеч ба хона намемонад, ба гунаи секунҷа аст ва бештар ба хафоли даранда мемонад. Рўйи деворе ки мард пушт ба он кардааст, пайи зиёди метин монанд ба пайи дандони кадом ваҳшии афсонавӣ дар пўсти сайд метобад; пайдост ки хона аз сўе такя бар замин мезанад. Оташдон рўбарўи мард, дар даҳони кунҷе аз кунҷҳои секунҷа аст. Кундаи нимсўзи бурс, ҷойҷўши сиёҳи бедаҳан, оташгира ва хокистари парешон аз он мегўяд, ки ин ҷо аз дер касе набудааст. Аммо мўрӣ куҷост?
Мўрӣ бояд ба бом барояд ва равшание аз он дарояд. Шояд дард ўро ба дарозо аз ҳуш бурдаву инак шаб расидааст? Дилаш таҳ рафт ва пур аз сардии олуда ба тарсу таҳлука гашт. Риштаи рўшноиро ҷуст; он дар ҷояш буд. На. Тани вай дар панҷаи дарди тобрабо низ дарки вақтро аз даст надода буд ва мегуфт, ки аз гоҳи ин ҷо афтодани онҳо соате беш нагзашта буд. Пас ҳоло дами гашти Офтоб аст. “Шом мебиоянд...” Мард чанд мижа зад, андешаро буғӣ кард ва дид девори пушт аз ду девори бар пасттар аст, болорҳои бурси нотарош аз сўи кунда бар он нишастааст ва агар кас истеғ шавад, даст рўйи сар барад, осон ба он мерасад. Васса шоху шипаи ҳамин болорҳо буд, ки осема андохтаву аз рў бо найи сабз пўшида буд.

пешина
аз 276
навбатӣ