Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Гуфта буд, ки имрўз то пагоҳ аспи зўру даванд меёбад, шаб меояд... ” Мард дар банди дастҳо сардие форам ҳис кард, ҳамзамон ҳашараи резаву бешумор дар зери пўст ба дав даромад, чи гуна рафтанаш дар ҳама ҷои тан дарк гашт; ба рагҳои карахту сард хуни гарм омад. Дастҳоро ҷунбонд; банд суст шуда буд, тан нарм-нарм аз чанги дард раҳо мешуд.
Мард ба пушт рўӣи фарш афтид ва ҳамроҳи дард рафтани вазнро он гуна равшан дид, ки як он савдои ба сараш омада фаромўш гардид. Дарду ранҷи дароз шохаҳои асабро шикаставу эҳсосро кунд карда буд, бар тахтаи пушт нишастану дар гўшт фурў рафтани сангмайдаву шишапораҳои рўйи фарш ҳис нашуд, аммо ногаҳ чизе ба ёдаш зад, ки барҷаст, нўки по сўи риштаи рўшноӣ рафт, гўш ба роғи дар овард, даме нафас назад; ҳеч гуна садо намеомад. “Вақти зодани бало овозҳо мемиранд-андешид мард. Дилам мегўяд, ки меоянд, набояд дер кунанд.” Ва оҳиста даст ба дар зад, ба берун тела кард; вазни санги пушти дар сари панҷ ангушташ нишаст, бовар кард бо ҳамдастии духтар низ намешавад онро боз кард. Тарс ба дилаш вазн овард.
-Дастома кушо, падар...
Пас гашт. Пайкараш риштаи рўшноиро канда буд, дар хона чизе дида намешуд. Чашмҳоро пўшид, жарф нафас кашид ва то вақте ҳаво шушро пур мекард, ногаҳ нигоҳи духтар ба ёдаш расид. Аз куҷост ин нигоҳ!? Дар ҳеч як аз зану мард ва хурду бузурги хонавода вай ин гуна нигоҳ намебинад. Рехти рў, чашму абрў, лабу дандон, ёзи гардану занахдон ва ҳар андом дар пайкари Гулафшон бар шукўҳи ин нигоҳ меафзояд, зўри ҳуснашро дучанд мекунад. Вай пеши ин нигоҳ даступоча мешавад, метарсад.
Ҳамон гуна пас омад, канори духтар нишаст. Мекўшид нигоҳаш ба нигоҳи ў наяфтад. Оромӣ ба гунае буд, ки садои кори андомҳо дар пайкараш шунида мешуд. Хун гумону тарсро аз хонаи дил ба ҳама ҷойи танаш овард, дар мушакҳои дасту пову шикам ба ларзиши маҳин бадал кард.
Ангошт касоне бешумор хонаро печидаанд; осмони гўшҳояш пур аз овози пову гуфтугў гашт. “Мебаранд..., мўша мебуранд... Ин доғ то ҳафт пушт... Ҳафт пушт? На. То рўзе як тан аз инҳо ҳаст, касе аз мо наметавонад сар боло овард. Ин барои ҳамеша нуқтаи заъфи мо мешавад. Реши ҷовидона; ҳар гоҳ хостанд ангушт бар он мезананд, дардро бедор мекунанд: духтаратона бурдаву...

пешина
аз 276
навбатӣ