Шоҳроҳи истиқлол

мўша бурида буданд...
-Падар..?
Мард бо безорӣ андешид “кош на ту будиву на ман!” ва гўё духтарро нашнида буд, ки гуфт:
-Инҳо сагдил мардумонанд, овозаашон ба ҳафт кишвар расида.
-Аз чи мегўӣ? Дастома кушо.
-Садои пову гуфтугўшона мешунавам...
-Мо ки гуноҳе надорем...
“Сипанд ҷавони чорадон аст, ҳар ҷо ки ҳаст, меояд, дару девора ба дандон меканад, душмана медарад, дунёро оташ мезанад, аммо маро намегузорад. Дар ин обрав саворкоре ба ин чустиву паҳлавоне ба ун чобукӣ нест. Кистанд ин чанд гўзи хар, ки туи пиру мани муштипара даст бастанд. Инҳо ба гарди пойи Сипанд намерасанд. Рафту ин ҳама кор надиҳад, ба танбаҳо маро раҳо мекунад. Чи гуна фаҳмонам ба ту, падар...?”
-Бад касонанд, ба гуноҳу савоб коре надоранд.
-Намешавад, ки ҳама бад бошанд.
-Ҳама баданд. Дина обову бобошон чунин мекарданд, имрўз инҳо мекунанд.
-Дастома кушо, мо ду касем...
Ин гап ба ларзиши танаш афзуд. Мард, гўё на бо каси зинда гап мезад, ки ба хоҳиши духтар ҳеч вокуниш накард.
“На бори нахуст аст, ки духтарои мардума мебаранд, бадном мекунанд... Ё шояд ба ростӣ хатое рафта. Умедвор буд, ки сарнавишт пайомади нек мебандад, интизор шуд, ки бахт ба рўшон механдад.” Аммо чанде зўр мезад, ки ҷойи андешаҳои бадро дар мағз ба андешаҳои хуб диҳад, баракс меомад. Ва ногаҳ, ангор навори филмро медид, ки Гулафшонро бо мўҳои буридаву худро сарафканда миёни тўда истода дид.
Вазни замину осмон бар шонааш нишастааст; ин бори нигоҳҳост, нигоҳҳои хурду бузург, зану мард, пирони нимаҷон, кўдакон, парандагон, чорпоён, дарахтон, гулу гиёҳон... Ва дар ин миён кушандатар аз ҳама нигоҳи Самангон. Нигоҳони дигар гунагунаанд, аз раҳму хашму рашку дареғу дарду ҳайрату ҳасрат дарак медиҳанд, аммо нигоҳи Самангон монанди он ки наъраи шер дар беша ҳама садоҳоро бикушад, ба ҳеч бадал кунад, нигоҳҳои рангрангро аз миён мебарад, сахт ва ба дард мегўяд: ту бояд худрову духтаратро мекуштӣ, шарафи ро...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор