Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Яъсу навмедӣ он гуна бузург гашт, ки мард аз алам чашмонашро баст. Вай хост аз ин роҳ торикиро бештар кунад, дар мағзаш резад ва андешаро, он андешаро, ки дар ин чанд соат пайваста дар сараш мезоду мемурд ва ҳар бори зодан инро ба ранҷи бештар мекушт, нобуд созад, набинад.
Аммо он гуна ки бо омадани Офтоб туман аз водӣ меравад ва зебоиҳои он тозаву диданитар аз пешина мешавад, пушти чашмҳои пўшида мағз равшантар мегардид ва ў Гулафшонро ҳамон гуна медид, ки ҳар бори пас аз дидан метарсид. Вай осема даст ба гирдогирдаш зад, ресмонро пайдо кард, ҳалқа баст. Ва пеши худ аҳд кард, ки аз ин дам ба пас ҳеч гуна сустиву ноустуворӣ ба дил раҳ намедиҳад, то ба охир меравад. Вале ҳамон дам ашк косаи чашмонашро пур кард ва ин дид, чи гуна ниҳоду бунёди одам сусту ночиз аст; пилкҳоро фишурд, оби дар банд афтодаро берун бурд.
Сипас нўки озоди ресмонро аз болор гузаронд, поён овард, дар мушташ ғун кард. Дигар чанбар...
-Чи мекунӣ падар?!
Мард тарсид нафас занад, китфҳоро боло овард, шушро аз ҳаво пур кард. Барои он ки нола аз гулў берун наравад, лабро сахт зери дандон кард; мазаи хун рўйи забонаш паҳн гашт, меъдаро ба ҷунбиш овард. Дарде гарм аз роғи дандаҳои чап гузашт, ба сутуни пушт зад, то ба мағз рафт; торе дар ин масофа таранг гашт, пайкарашро андак ба сўи дил хам кард.
-Хунук хўрдӣ падар, танат меларзад. Биё, ба ҳаври даҳан дастота гарм кунам, дастома кушо поҳота молиш диҳам...
Садои ба санг хўрдани наъл ва бинӣ афшондани асб омад.
Мард ба шаст рў сўи дар кард, риштаи рўшноиро ҷуст, аммо пайдо накард. Арақи сард ҷўйи пуштро пур кард, поён шорид, миёни пойҳо фуромад. Дарди паси дандаҳо ба шонаҳо зад; мард ангошт кадом ҷондоре зишт дар синааш нишастаасту поҳои пурхору бешумораш дам ба дам дароз мешавад, дар гўшташ фурў меравад, ба рагу паяш медавад.
Нафасаш танг омад. Аммо шодӣ аз дили духтар он гуна тунд фавора зад, ки пайкараш тафс кард ва ў нохоста ҳарферо ба забон овард, ки аз дами ин ҷо афтодан мехост ба падар гуфту шарм садди роҳаш буд:
-Ин асби Сипанд аст! Ман ўро мешиносам. Вай омад, медонистам, ки меомад. Мо меравем, дуртар аз ин бехирадо, ки ҳамаро ба дасти нафсу ҷаҳл сохтаву зебоиҳои зиндагиро куштаанд, меравем. Ҳама кори инҳо зодаву парвардаи дурўғу ситам аст.

пешина
аз 276
навбатӣ