Шоҳроҳи истиқлол

Фарзандони мо шодиву озодиро аз инҳо не, аз гулу гиёҳону парандагон меомўзанд. Табиат дабистону китобашон мешавад. Сипанд...
Овозҳои пушти дар равшантар шуд. Тарс андешаву хотираву дардро дар вуҷуди мард кушт. Вай фаҳм накард, ки духтар аз Сипанди ҳамсоя мегуфт, аз ҳамоне мегуфт, ки он рўзҳо ба шабгардиву асбдуздӣ ном оварда буд. “Саранҷом омаданд...” Мард бадард дунёи равшани берун аз хафоли торро пеши чашм овард, сипас зуд чанбари дорро бар гардани духтар кард. “Падар..!?” Як он пиндошт овози Гулафшон аз дурдасти дунё, аз паси кўҳу пуштаҳо меояд ва бо наздик шуданаш ҷон аз дасту пойи ин мебарояд, танаш сард мешавад. Аз нўки озоди ресмон дошт, худро башаст рўи хок андохт.
Вазни падар беш аз вазни духтар буд, аммо дарду тарсу яъс нерўи мардро коста, тораҳои асабашро тофта ўро сабук карда буд. Ҳар бори алвонҷ хўрдани тани овезон дунбаи мард аз хок боло меҷаст, пойҳои духтар як он заминро медошт, бо нўки ангуштҳо танашро ба андозаи сари мў мебардошт, ҳаво ба гулўяш раҳ меёфт ва ў ба гуфтани ҳамин як вожа имкон дошт: “Па..дар...ҷон..!” Гулафшон дар он як дами камтар аз дам, ки чанбари танги марг мушакҳои гарданро раҳо мекард ва шарёни хун нафасро ба ҳуҷайраҳои ташнаи тан меовард, бо пазмонии бепоён ин ҳарфро аз даҳон бармеовард. Ҳалқаи дор ба изҳори он чи зиндагӣ дар ин як нафас ба ў нишон медод, дигар замон намедод. Вай наметавонист гуфт, ки ҳатто бо ду дасти дар банду ҳалқа бар гардан як дам зинда будану канори худ як тани ба ҷон пайвандро дидан, ба гармии пайкараш расидан, бўйи арақашро шамидан, овози олуда ба ҳаяҷону тарсашро шунидан ва бовар кардан, ки боре аз ин хонаи тору ганда берун меравӣ, аз ҳавои соф нафас мекашӣ, ба Офтоби тобон менигарӣ, паҳнои дашту даману фарози кўҳу пуштаро мебинӣ, атри гулу гиёҳонро мебўӣ, овои рўду овози парандагонро мешунавӣ, озоду шод гом бар хок мениҳӣ, чӣ хушбахтии бузург будааст, чӣ шодии номаҳдуд доштааст! Ва зиндагӣ як имкони кўтоҳе будааст барои дастёбӣ ба ин зебоиҳо ва дигар рамзу розҳо. Гулафшон мехост ин ҳамаро дар ҳамон як вожаи “падар!” гунҷонад, меҳри хуфтаи ўро биҷунбонад, бедор кунад, ба ёдаш биоварад, ки ин заррае аз тани ўст, аз хуну гўшту пўсти ўст. Бо ҳамин як вожа ба ў бигўяд, ки чӣ гуна онҳо то дина хонаашону кўчаҳои офтобии деҳашону хондани кабкашону овози бараҳошону мавҷзании пали гандумашону бўи шаби тобистону осмони лабрези ахтарону Роҳи Каҳкашону суруди зиллаҳою базми ғукҳову...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор