Шоҳроҳи истиқлол

дўст медоштанд, ҳамроҳи онҳо худро хушбахт меёфтанд.
Мешавад, ки бо расидани андак бало тарсид, ин ҳамаро надид, ба шодиҳои зиндагӣ хат кашид, барои бозгашту нигаҳдошти он пайкор накард, накўшид?! Ин эҳсосро дар дили духтар хоҳиши тавонои зинда мондану зиндагӣ кардан зода буд. Нерўмандтарин хоҳиш, ки кору пайкори одам дар олам, аз баду хуб, ҳама баста ба он аст. Хостаҳои дигар ҳама бархоста аз ин хостаанд. Аммо падар ўро намешунид.
Кафшҳо аз пойи Гулафшон афтода буд, ресмони бузмў акнун гулўяшро то дер раҳо намекард, ки дигар вожаи олуда ба яъсу пазмонии “падар!” шунида намешуд. Падар сари ресмонро сахт бар банди даст печидаву инак пушт бар хок ниҳода буд, то тани духтарро бештар аз замин дур дорад.
Гулафшон, шояд барои вопасин бор боз ҳам бо тапу талош нўки ангуштони поро то фарш фуровард, ҳама нерўи танро он ҷо овард, пайкарашро боло тела кард. Падар зуд бар печи дасташ як печи дигар зад; поҳо аз замин боло омад. Ин ҷо фарш андак ҳафр шуда буд, аз нўки ангуштҳои захмиву нохунҳои дарида чака-чака хун мечакид, хоки нарму ташна ҳамон дам онро фурў мекашид...
Риштаи нур он гуна ногаҳону зуд ғафс шуд, ки мард аз тарс ресмонро раҳо кард; пайкари духтар монанди дарахти бурида рўи хок афтид, падар аз миёни садоҳои давру бар садои сахт бар замин задани устухони сарро шунид. Сипас нигаҳ ба сели равшанӣ баст; нахуст торикӣ аз пешина бештар гашт, баъд дарде ранҷовар дар хонаи чашмонаш нишаст, аз он гузашт, косаи сарашро пур кард; пилкҳояш рўи ҳам рафт.
-Раҳошон кунед, дузди Сипанд гир омад...
Чашм кушод; дар остона шабаҳи се тан ва дар дуриҳои паси шонаи онҳо талу пуштаҳо ва саранҷом кўҳҳоро дид, ки тумани сард бар чакодашон мепечид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор