Шоҳроҳи истиқлол

Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА
ХИЁНАТ
Гулрў рўзи шанбе, субҳи барвақт аз хоб хеста, азми сафари Душанбе кард. Ў ният дошт, ки бо фарзандонаш маслиҳат намуда, аз бозор ҷиҳози тўйи домодии ду писарашро бихарад. Дар ду тарафи шоҳроҳи «Кўлоб – Душанбе» майсаву себарга дамида, гулҳои лоларо насими сабуксайру атрогини саҳаргоҳӣ ба рақс оварда буд. Ба назар чунин менамуд, ки табиат дар дашту даман қолинҳои рангорангро густурда, оғўши пурмеҳрашро ба истиқболи меҳмонҳои деринтизораш боз карда бошад. Мафтуни зебоиҳои табиат гардида, Гулрў гузашти вақтро нафаҳмид. Чун ба миёни ағбаи Шаршар расиданд, гўиё якбора ба худ омаду аз ронанда хоҳиш кард:
- Бародар, як даҳза мошинро боздоред.
Аз мошин берун шуда, ба атроф дида дўхт ва аз ҳавои тоза нафаси чуқуре кашид. Баҳри Норак, ки бо зебоӣ ва сукути хоссаи худ мафтунаш карда буд, пеши назараш мавҷ мезад.
Хуршеди оламоро атрофро ғарқи нуру зиё гардонда буд…
Як- ду қатраи борон ба чеҳраи чун садбарг шукуфтаи Гулрў заду ўро, ки дар банди ин ҳама зебоиҳо афтода буд, ба худ овард. Бори дигар ба атроф дида афганду дилу бедилон ба мошин нишаст…
Субҳ нодамида Гулрў бо тарс бедор шуд. Дарақ- дарақ меларзид ва рўяшро арақи калон- калон пўшида буд. Дар хоб раҳматии хусурашро дид, ки бо қаҳру ғазаб ба ў мегуфт:
«Барои чӣ хонаву даратро ба бегонагон гузошта, ба Душанбе омадӣ? Баргарду хонаатро соҳибӣ кун! Хез, ба хонаат баргард!»
Хоби дида хеле парешонаш кард. Охир, тўли 25 соле, ки ў келини ин хонадон буд, мўйсафед боре ҳам нисбаташ чунин муомиларо раво надида. Саросема дасту рўяшро шусту аз писаронаш хоҳиш намуд, ки ўро то истгоҳи мошинҳо гусел кунанд. Фарзандон дигар шудани раъйи модарро дида, маслиҳаташонро ёдовар шуданд, аммо модар чизеро шунидан намехост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор