Шоҳроҳи истиқлол

Фақат гаҳи савор шуданаш ба мошини роҳ ба онҳо дида дўхту кўтоҳакак гуфт:
- Мўйсафеди бобоятонро хоб дидам. Ин бесабаб нест.
Дар мошин менишасту ҳеҷ не ки хоби дида аз пеши назараш дур бигардад. Гумон мекард, ки мошин бисёр оҳиста ҳаракат дорад. Мехост тезтар ба хона бирасад. - Бародар, бисёр оҳиста меравем. Биёед, камтар суръати мошинатонро тезонед. Хоҳиш мекунам, додарҷон!
Ронанда, ки ҷавони хушчақчақе будааст, табассумкунон посух гардонид: - Холаҷон, тез рафтагиҳо то куҷо расиданд, ки мо бирасем. Дар ин гардишҳои хавфноки ағба оҳиста рафтанамон хубтар аст.
Гулрў эҳсос кард, ки шитоб карданаш ба манфиати кор нест, хомўширо авло донист ва аз тирезаи мошин ба берун дида давонид. Сиёҳабре нафақат самои нилгун, балки қалби ўро ҳам пўшида буд. Дар назараш ҳама ҷо торикӣ: аз зебоиҳои дирўза гўиё нишоне ҳам намонда.
Борон меборид, шишатозакунакҳои мошин басо «серкор» буданд. Гулрў чашмонашро пўшида, рўзгори гузаштаашро ба тамом варақгардон кард…
… Баъди хатми донишгоҳ ўро ба зодгоҳаш фиристоданд барои кор. Духтари босавод, масъулиятшинос ва ҷамоатчии фаъол ки буд, дере нагузашта миёни ҳамкорон мақоми шоистаеро соҳиб гардид ва фаъолияташ аз назари роҳбарони ноҳия низ ниҳон намонд. Мудири боғчаи бачаҳои хоҷагӣ таъйинаш карданду дере нагузашта ба кори шўроҳо пешниҳодаш намуданд. Бо шавҳараш дар ҷои кор рў ба рў омад.
Аз дидори аввал ба якдигар дил бастанду хонадор шуданд.
Зиндагии хубе доштанд.
Бо гузашти солҳо соҳиби ҳафт шоҳписар гардиданд. Худованд духтарчаи зебову хушрўякеро низ ба онҳо ато бинмуду… насибашон нагардонид: дар заҳбури назди хона ғарқ шуду ҷисми беҷонашро ба ҳавлӣ оварданд. Дигар духтар наёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор