Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Шукронаи ҳафт писар мекарду мегуфт, ки агар келин бигирад, соҳиби ҳафт дуҳтар мешавад.
Гулрў келини хидматгоре буд. Эҳтироми хусуру хушдоманашро пайваста ба ҷо меовард ва онҳо низ ўро ба мисли духтари худ дўст медоштанд. Хушдоманаш чандин сол бистарӣ буд ва Гулрў бо ҳама серкорӣ фарзандвор нигоҳубинаш мекард. Намегузошт, ки лаҳзае ҳам худро ҳақиру нотавон бубинад. Ҳамин буд, ки дар вопасин рўзҳои умраш хушдоман келинро дуои нек дод. Соле нагузашта хусураш ба бистари беморӣ афтид: фалаҷ ин марди шарифро аз по афганд. Ба хотири падаршў корро мувақатан қатъ кард. Баъди як сол мўйсафед аз олам гузашт. Даст ба пичаҳои келинаш бурду бо ханда дунёи фониро падруд гуфт.
Вақтҳои охир эҳсос мекард, ки шавҳараш тағйир ёфтааст:
бо баҳонаи серкорӣ ба хона дер меояд, сафари хидматӣ гуфта, ду- се рўз гум мешавад, муносибаташ ҳам бо ҳамсару фарзандон дигар шудааст. Ба хона телефон карда, дар бораи шавҳараш ҳар хел суханони бад мегўянд. Бовар намекард, чунки дар 25 соли зиндагии якҷоя, агарчи масъулияти сангини хидматиро дар ўҳда дошт, фарзанд, хонаву дар, шавҳар, хусур ва хушдоман гуфта заҳмат кашид, роҳатро фаромўш намуд: дар хона кор, дар берун кор, тарбияи фарзандон, гузаронидани меҳмонҳои шавҳар ва мисли ин корҳои дигар.
Ин ҳамаро бе маломат ба ҷо меварду аз кори кардааш ҳаловат мебурд, чунки шавҳарашро дўст медошт…


Мошин ҳамоно дар ҳаракат буд. Гулрў ба берун дида дўхта мехост аз зебоиҳои табиати ватани маҳбуб ҳаловат бубарад, аммо дар дилаш чизе намеғунҷид. Гумони баде вуҷудашро фаро гирифта буд. Боз чашмонашро пўшид.

  • Холаҷон, расидем, - гуфтани ронанда ўро аз банди мавҳуми хаёлот раҳонид.
    Аз мошин берун шуда азм кард, ки ба ҷои кори шавҳараш биравад, аммо рўзи истироҳат будан ба ёдаш расиду аз раъяш гашт. Баъди андаке таваққуф ба хотир овард, ки рўзҳои истироҳат ҳам шавҳараш, роҳбар ки ҳаст, аз ҷои кораш як хабар мегирад ва баъди он бозорӣ карда ба хона бармегардад.
пешина
аз 276
навбатӣ