Шоҳроҳи истиқлол

Бо ҳамин андешаҳо ҷониби коргаҳи шавҳар гом зад. Раҳораҳ фикр мекард, ки агар шавҳарашро дар ҷои кор ёбад, нуран ало нур мешавад: ҳамроҳ ба хона мераванд.
Мошини шавҳарашро дар назди идора дида хурсанд шуд.
- Акаи Шариф, саломатиатон хуб аст? Мудир дар дафтари корашон? – пурсид аз дарбони идора, ки ба истиқболи ў баромада буд.
Акаи Шариф Гулрўро дида аз саросемагӣ чизе гуфта натавонист ва ҷониби хоначае, ки барои фароғати коргарон ҷиҳозонида буданд, ишора кард. Гулру хост дарро бикшояд.
Муяссараш нагардид, он аз дарун баста буд. Ба дарбон дида дўхт, ў нигоҳашро гурезонид. Аз қаҳру ғазаб дарро девонавор кўфта, бо тамоми қувват кашид, қулфаки дар канда шуд ва ў шавҳарашро болои кат бараҳна дар оғўши зани бегонае дид. Осмон гўиё ба сараш фурў рехт, аз қаҳру ғазаб аъзои баданаш меларзид. Либосҳои он беҳаёро гирифта хост ба берун афканад, аммо зан худро ба пеши пояш партофта бахшиш пурсид. Гулрў аз мўйҳои духтар гирифта хост ўро бараҳна ба берун тела бидиҳад, аммо шавҳараш хоҳиш кард, ки ба худ биёяд. - Гулрў, азизам, худатро ба даст бигир, шармандаам накун, гуноҳамро бубахш!
Гулрў бо нафрат ба шавҳараш нигоҳ карду фиғони бар лаб расидаро талх фурў бурда, аз хона берун баромад. Дар кўчаҳои маркази ноҳия хаёлӣ хеле қадам заду ба хотираш розгую роздон ва маслиҳатгару дугонаи ҷониаш- раиси Шўрои занони ноҳия расид. Роҳи манзили иқомати ўро пеш гирифт. Ҳаракат барояш душвор буд. Шамоли сахте вазида, чангу хокро ба само мебардошт. Ба атроф дида дўхт. Ҳама ҷо, агарчи нимарўз буд, дар назараш тип-торик менамуду пеши чашмашро сиёҳӣ гирифта. Абри сиёҳ осмонро пўшида.
Борони сел меборид. Гулрў дугонаашро дар ҳалқаи фарзандон ёфт. Раис Гулрўро дидан баробар аз ҷояш хеста самимона истиқболаш гирифту: - Биё, Гулрўҷон, шамоли куҷо ба ҳавлии мо овард туро?- гуфта ба ў наздик шуд. Якдигарро ба оғўш кашиданд.
Гулрў тоқат накарда, аз алам фиғон бардошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор