Шоҳроҳи истиқлол

Ба кори бемузд дар тобистон даст хунук хўрдааст.
Мирбақо:
– Билкул дуруст. Нўхтабадастони мо гирифтанро медонанд, доданро намедонанд. Аз эҳтиёҷи халқ бепарво. Аз адолат бехабар. Аз ободӣ танҳо хонаи худро дидаанд.
Мирризо:
– Дар аввал ин хел набуд. Баъд вайрон шуд. Аввалҳо намояндаи ҳизби Ранҷбарон ба деҳае равад, дар хонаи доро меҳмон намешуд. Ҳазар мекард, ки камбағалон айб нагиранд. Нагўянд, ки зиёфатхўрӣ рафт. Як нон ёбад, нисфашро сағирхона мефиристонид. Акнун чӣ?
Мирбақо:
– Акнун ба сафар барояд, нони сағирхонаро медуздад.
Боз танҳо не, лаганбардори зиёде аз думаш. Тамоми муддати сафар зиёфат мехўрад, билкул инсофро фаромўш кардааст.
Мирвафо:
– Чанд шиноси ман давутоз карда, восита ёфта, пора дода, ба ҳизб даромаданд. Мегуфтанд, ки мансаб гирем, кордамон рўи равған. Ҳамин тавр ҳам шуд. Муфтхўрӣ ва порахўриро ёд гирифтанд.
Мирризо:
– Даҳони хўрда шарманда. Мехўрданду ҳаромхўриҳоро пинҳон медоштанд. Арзи мардумро намепурсиданд. Ҳаққи мардумро намешинохтанд. Кордонҳо не, тайёрхўрон ба воя расиданд. Идеал мурд. Идеал, ки баробарӣ буд, ба нобаробарӣ табдил ёфт. Натиҷа – хок вайрон, об ифлос, мардум дилхунук, зиндагӣ фақирона…
Мирбақо:
– Раиси шўрои вазирон телпаки андатра тақсим мекунад.
Ба фалонӣ диҳед, ба фалониаш надиҳед! Вай дигар кор надорад? Баъд ин мамлакат обод мешавад?! Билкул вайрон корҳояшон.
Мирризо:
– Кӣ гумон мекард, ки СССР, ин давлати бузург, дар як шаб пош мехўрад? Яку якбора аз байн меравад? Ҳеҷ кас. Вале нишонаҳояш буд. Андоза риоя намешуд. Корҳои бузургро ба ақлакҳо медоданд, корҳои хурдро ба оқилон. Ақлакҳо аз ўҳдаи корҳои бузург намебаромаданд, оқилон аз корҳои хурд ор мекарданд. Инаш ҳам вайрон шуд, ваяш ҳам. Ин таҷрибаи талхро фаромўш набояд кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё