Шоҳроҳи истиқлол

Мирвафо:
– Бадии кор ин аст, ки авомфиребӣ сиёсати маъмулӣ шуд.
Худашон ғорат мекунанд ва боз худашон шиор мепартоянд, ки «Ғоратгариро решакан бояд кард!» О лаҷом ба дасти Шумо, решакан кунед! Чаро намекунед?! Ба мо мегўед? Гўё даво ба дасти мо бошад. Ба дасти мо нест, ба дасти худатон.
Чаро намеканед решаашро?!
Мирбақо:
– Чунки реша худашон. Касе решаи худро накандааст.
Ҳеҷ вақт намеканад ҳам. Каси дигаре даркор, ки решаи нокасро билкул биканад.
Моторҳо якмаром ғуррос мезананд, тайёра дар ҳаво ҳамвор меравад. Мусофирон пуштакҳоро хобонида пинак рафтаанд, ё рўзнома мехонданд ва ё бо каси ҳампаҳлў сўҳбате доранд. Мирвафою Мирбақою Мирризо тугмаи гиребонҳоро кушодаанд. Гарм шуданд аз даруну аз берун. Шишаҳои холӣ ва нимаи арақ ва гўшту пиёзу себу анор, буридаву кафонидаву резакарда, рўи мизчаҳост. Муҳофизон ба муҳокимаронии вакилон дахолат намекунанд. Онҳо хомўшона мехўранду хомўшона менўшанд, вале бо салобат мешинанду бо салобат мехезанд ва нигоҳашон ба якдигару ба атроф бо салобат аст ва аз сиккаашон қувваи ҷисмонӣ дам мезанад ва ҳар лаҳза тайёр ҳастанд, ки зўру ҳунарашонро нишон бидиҳанд.
Мирризо:
– Беадолатӣ ҳеҷ вақт решакан намешавад. Ин дарди азалӣ. Лекин ба эътидол овардан мумкин. Ба шарте ки тартиботи демократӣ амал кунад.
Мирвафо:
– Решакан кардани беадолатӣ ҳеҷ душворӣ надорад.
Фақат дасти зўр даркор.
Мирбақо:
– Зўроварӣ решаи ҳамаи беадолатиҳост. Дасти зўр не, ақли расо даркор. Демократия зўровариро намеписандад, такя ба муросо дорад.
Мирвафо:
– Бемуросо бо зарби чўб бомуросо мешавад. Ба сараш бо чўб занӣ, зуд муросоро ёд мегирад. Дуруст гуфтам?!
Мирбақо:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё