Шоҳроҳи истиқлол

Не, ин хел сиёсат барои мо не. Мо бо ин роҳ ба ҷое намерасем.
Мирризо:
– Демократия дигар роҳ надорад. Роҳаш фақат ҳамин як роҳ – аз зўрӣ даст кашидан ва бо маслиҳату машварат зистан.
Мирбақо:
– Роҳи дигараш ҳам ҳаст. Пеш аз ҳама шиками мардумро сер ва танашро пўшида кардан даркор. Яъне иқтисодиёт асоси ҳама пешрафт аст. Иқтисодиёт ислоҳ шавад, дигар ҳамаи ҷабҳаи зиндагӣ ба салоҳ меояд. Агар Барномаи ҳизби Баробаронро хонда бошед…
Мирвафо:
– Хондем, ягон гапи нав надорад. Такрори ҳамон ваъдаҳое, ки ҳизби Ранҷбарон ҳафтод сол боз медиҳад.
Рўбардор кардеду мондед.
Мирризо:
– Шиору даъватҳои хуб дошт ҳизби Ранҷбарон. Афсўс ки дар даҳону дар коғаз монд. Дар ҳаёт пиёда нашуд. Инсоф, ки таърих беҳтар аз сохти сотсиалистӣ, дигар сохтеро ёд надорад. Боз афсўс ки пурра амалӣ нашуд.
Мирбақо:
– Гуфтанду накарданд. Фиреб доданд. Дар натиҷа, мо ба ҳамин рўзҳо расидем. На озод фикр карда метавонем, на озод кор. Ягон беҳбудие нашуд.
Мирризо:
– Ин қадар ҳам не. Агар беҳбудие дар рўзгори Себароз рўй додааст, фақат дар замони ҳизбии Ранҷбарон шудааст.
Касе инро нодида гирад, куфрони неъмат мешавад. Дар баҳо додан андозаро нигоҳ доштан даркор. Ақаллан, беҳуда наҳ задан даркор не.
Мирбақо:
– Наҳ назадем. Будашро гуфтем. Пахта гуфтанду дигар зироатро нест карданд. Дору пошиданду заминро хароб кардаанд. ГЭС гуфтанду табиатро вайрон карданд.
Сарватҳои рўи замину таги замин ба ғорат рафт. Аз кадом беҳбудӣ гап мезанед Шумо?
Мирризо:
– Падари Шумо зимистону тобистон як курта мепўшид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё