Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

– Аз адолат берун рафтед. Ин хел ақидаҳо ба демократия ҳеҷ алоқае надорад. Балки зидди демократист. Ақидаи истибдодист.
Мирвафо:
– Демократӣ, истибдодӣ, ё ягон балои дигар, намедонам.
Ҳамин қадар медонам, ки айни адолат дасти зўр аст. Ҳарчӣ зўр хоҳад, ҳамон мешавад. Дигар ҳамааш гапи беҳуда.
Мирбақо:
– Шумо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ сад сол, дусад сол ақиб мондаед. Ҷомеаи ҷаҳонӣ тамаддуни зўровариро нишонаи ҷаҳолат медонад.
Мирвафо:
– Ҳоло бардошт кунед, сари қудрат биёем, баъд маълум мешавад. Кӣ ақибмонда, кӣ пешрафта, баъд маълум мешавад.
Мирризо:
– Демократия гапгузаронӣ не, гапфаҳмӣ ва гапфаҳмонист. Бисёрҳизбӣ низ барои ҳамин даркор аст, ки мушкилиҳои рўзгор бо зўриву кўрӣ не, балки бо маслиҳату машварат ҳаллу фасл шаванд. Боз ҳизбҳои гуногун барои он зарур аст, ки ҷомеа дар як қолаб шах шуда намонад. навҷўӣ ва пешрафт дошта бошад. Ба касе ва ё гурўҳе роҳи истифодаи бад баста гардад. Яке аз адолат берун равад, дигаре ҳушдор бидиҳад. Бисёрҳизбӣ чизи хуб аст. Оқилона истифода шавад, роҳати ҷон. Агар ҷоҳилона истифода баранд, балои ҷон.
Балки бадтарини балоҳо.
Мирбақо:
– Хобу хаёл аст ин орзуҳо. Аз воқеият бўе надорад. Ба мардуми Себароз намечаспад. Рост намеояд ба мо мардум.
Хислатамон дигар. Ҳатто олимонамон маслиҳату машварат карданро ёд нагирифтаанд, чӣ ҳоҷат ба омиҳо!
Мирвафо:
– Барои ҳамин мегўям, ки «дунё аз зўр, тамошо аз кўр».
Ба маънои гап сарфаҳм намераведу беҳуда ғоз медиҳед.
Мирбақо:
– Дар институти мо ду академик ҳаст. Инаш ваяшро нодон мегўяд, ваяш инашро. Инаш айб мемонад, ки ваяш ҳизбро танқид кард, ваяш дасиса мебофад, ки инаш қарорҳои ҳизбро писанд намекунад. Чил сол боз аҳволашон ҳамин.
Ягон асари академикӣ наофаридаанд, вале боре надидем, ки бо маслиҳату машварат ба ифоқае омада бошанд.

пешина
аз 276
навбатӣ