Шоҳроҳи истиқлол

Шаҳри Шаҳрҳо яксаду шаст миллион аҳолӣ дорад. Муносиб ба ҳамин замин дорад. Сад балво шавад, боз ба по мехезад.
Мо ҳамагӣ як мушт одаму як мушт замин. Оташ афтад, на зинда ватан меёбад, на мурда кафан. Бо ин ҳама вайроние, ки мекунед, боз бо дили пуру рўи сурх, миннат ба дўши халқ мениҳед, ки «мо ҷон ба гарав мондаем то ки ғами халқро бихўрем». Ҳамаи ҳизбҳо чунин мегуфтанд ва мегўянд. Бечора вамо даст пеши бар аст, ки «рост мегўед, шумо дар харобкориҳо айбе надоред. Айб бар мост, ки худамон ғами худамонро хўрда наметавонем». Асрҳост, ки аҳвол ҳамин. Дигар хелашро гузаштаҳо ҳам надиданду мо ҳам надидем.
Мирвафо:
– Аз ин пеш надида бошӣ, акнун мебинӣ! Мо нишон медиҳем! Ҳисоб нигаҳ дор! Хўҷаалиашро аз тахт афтондем?
Афтондем. Алихўҷаашро аз тахт афтондем? Афтондем. Валихўҷаашро ҳам аз тахт афтонем, баъд ободиву осудагиро нишон медиҳем.
Моторҳо мунтазам ғуррос мезананд ва ин садои мудаввоми якнавохт гўё мусофиронро алла мегуфт. Тайёра якзайл ҳамвор мерафт Мусофири носеҳ, бо ваҷоҳате, ки «гўиву нагўӣ фарқе надорад», дар курсӣ нишаст ва рўзнома варақ зад. Мирризо худ ба худ «дардаш зўр» гуфт. Мирбақо ба қадаҳҳо арақ рехт Мирвафо ҷонаш ба танаш тангӣ мекард ва бетоқатона дар ҷои нишаст баданашро меҷунбонд. Арбада гўё тамом шуд. Мубаллиғон дам мегирифтанд. Вале бухсе қафаси синаашро фишор медод. Берун задан мехост. Ва аввал Мирбақо кафид:
– Дар гардишҳои бузург бе душворӣ ва қурбонӣ намешавад. Лекин фақат бо фуровардан аз тахт ҳам мурод ҳосил намешавад. Ҳизби Ранҷбарон ҳамаро аз тахт фуровард, худаш ба тахт нишаст. Баъд чӣ шуд? Халқ ҳамон тавре ки беҳуқуқ ва лучу гурусна буд, ҳамон тавр беҳуқуқ ва лучу гурусна монд. Иқтисодиёт билкул рушд накард.
Мирризо:
– Тўҳмат накунед. Сирф тўҳмат аст ин гап. Беадолативу камбудӣ бисёр буд, рад намекунам, вале гуруснаву луч набуд. Инсоф, ки хўрданиву пўшиданӣ мерасид. Баъди бисёрҳизбӣ қаҳтӣ омад – орду нон ёфт намешавад.
Мирвафо:
– Касе ки роҳи пулёбиро медонад, дар ду дунё гурусна намемонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё