Шоҳроҳи истиқлол

Не, билкул ҷиноят аст! Касе бо чунин коре даст занад, мо дасташро мебурем!
Мирвафо:
–Кор сар шавад, баъд мебинем, канӣ кӣ дасти киро мебурад!
Мирризо:
– Ин роҳи хатост. Гумон намекунам, ки ҳизб ба ин роҳ равад. Дидаву дониста ба ҷиноят ғўтад ва генофони халқро вайрон бикунад.
Мирвафо:
– Генофон сарват аст. Муфлисӣ генофонро вайрон мекунад. Дуруст гуфтам?
Мирбақо:
– Билкул нодуруст. Мо талоши ҷомеаи демократӣ дорем, на талоши ҷомеаи наркоманӣ. Не, мо ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ намедиҳем. Қуввае, ки бо ин роҳ равад, несташ мекунем.
Мирвафо:
– Хестӣ, ки хоб дидаӣ!
Ба даҳон як хандаи бесадо ва чашмони хандон дошт Мирвафо, лекин ба косахонаи чашм ва рухсораҳояш сурхӣ дамид ва ғофилу барқвор ба зери манаҳи Мирбақо фуровард. Мирбақо як ваҷаб аз курсӣ боло шуда, ба поён афтид.
Мирвафо хост лагади дигаре ба сару рўи ў занад, вале Мирризо аз миёнаш дошт ва Мирвафо бо оринҷ ба сари синаи вай зад, ки каловида рафт. Муҳофизон ҷаста аз ҷоҳошон хестанд. Муҳофизи Мирбақо хез зад, ки бо пошнаи пистолет ба сари Мирвафо бизанад, вале бо зарбаи пошнаи пистолети дигар мувозинат гум кард. Талотўб сар шуд. Муштзанӣ, лагадпартоӣ, каллакўбӣ… Аҳли салон рост хестанд, курсиҳо шикаставу каҷ мешуданд… Ва муҳофизи Мирризо ба ҳаво се бор тир паронд. Тайёра ларзиш хўрд. Ҷангиён ҳам шалоқ мехўрданд, халосгарон ҳам.
Мирризо дасту по мезад, ки онҳоро халос бикунад, аммо натиҷае намедод – худаш мушту лагад мехўрд:
– Эй бехирадон, эй…
Аз зарбаи лагаде ба паҳлў афтид. Мирбақо хез зада нармаки гўши Мирвафоро газид. Мирвафо як тир ба пешонаи вай зад, вале ба сари китфаш расид. Ҷондорҳо бетартиб тир кушоданд, ки ба мусофирони дигар ва ба бадани тайёра ҳам мерасид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё