Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Одинаро чунин сухан лозим буд. Зеро медонист, ки аз кадом гўша контрразведка чашм медавонад. Ў чанд муддат аз ин кўча гузар накард. Балки бо роҳҳойи дигар то бозор мерафт. «Шуморо ташвиш додам, отаҷон?» Гўшҳояш садо доданд, аммо танаш ларзид. Муддате баъд ба худ омада гардан тофт ва пирамарди шиносчеҳраро дида, тааҷҷуб кард: «Либос чӣ оройишгар аст?» Ба назараш тамоман дигар тофт ў:
ҷавонтар, озодатар ва чолок; пўшоки афғонӣ дорад дар тан ва дастори пишоварӣ. «Гумон кардам ба ватан баргаштед ва маро фаромўш кардед».
– На, соҳиб! Ишколе пеш омад ва маро ба Қандаҳор фиристоданд.
– Ҳааа… Пиндоштам ва Ватан рафта, бўйи Зарафшон овардед. Бўй кашиданӣ будам…
Одина дарку эҳсос мекард дарди пирамардро, худаш низ пазмон шуда буд бўйи диёрро. Бо ҳамватани дар солҳойи мудҳиш фирорӣ шуда, то ҳаштодсолагӣ заҳри ғурбат чашида сўҳбат оростанӣ буд, лек пай мебарад, ки корманди Шўравӣ аз ў канора меҷўяд.
– Кай ба Ватан баргаштаниед?
– Номаълум…
– Агар ки ба мураххасӣ рафтед, Боғи Баланди Самарқанд равед. Боғи анҷир ҳаст. Аз соҳиби он боғ пурсида як каф хок гиред ва маро оред.
Одина дарёфт, ки пирамард «атри кафан зи хоки Ватан орзу дорад». Хеле сукут варзид. Ҳамон арақи ҳаяҷон боз саропояшро тар кард. Пиндораш: аз кадом дидгоҳ пурбин ё дурбине ба сўяш нигаронида шуда буд.
– Шуморо огоҳ хоҳам кард, соҳиб…
Чашмаш ба чашми пирамард рост омад, ки зиёдтар аз арақи тани ў сиришк метаровид.
Одина чизе гуфта натавонист. Сар андохту рафт.
Пирамардро низ арақи сард пахш кард ва дар курсийи назди қуттиҳойи ширинворийи самарқандисохт нишаст. Набот, ҳалво, печаку парварда, оби дандон, оби набот, ҳалвойи мағзӣ ва бисёр чизҳойи дигар рафи дўкони ўро зебу оро дода буд.
«Аҷаб ҷавоне. Чашойӣ ҳам накард. Аз чӣ рў тарсуст? Вазифа касро тарсў гардонад».
Вале рўзи зиёд нагузашта, Одина бо кўчайи ошно гузар карда пирамардро дар хараки дами дарвоза надид ва рост то дўкон омад.

пешина
аз 276
навбатӣ