Шоҳроҳи истиқлол

Бо вуҷуди он ки эҳтимол одамони намозхон аз хоб хеста, дар айвони баъзе хонаҳо яке аз паи дигаре чароғ дармегирифт, атроф ҳанўз торик буд. Аз чӣ бошад шуои маҳтоб ҳам наметавонист онро пурра бартараф созад. Осмон ниҳоят баланд тофта, дар ҳар гўшааш кавкабони дур милт–милт мекарданд. Аммо ситораи саҳар, рўяшро кадом меғ ё пораабри сарсон мепўшид магар, ба чашм намерасид. Аз канори деҳа шав–шуви пасти рўд меомад. Бод ҳамчунон сабук ва серун мевазид; гоҳ аз пеши онҳо мегузашт, гоҳ аз пушташон мерафт. Аз куҷо буд, ки саге ба ғафлат дароз уллос кашид. Вақте мехост бори дуюм овоз андозад, аз поини деҳа саги дигаре дарғазаб ҷакид. Боз яктааш ак–ак кард. Боз... ва бо ҳамин ба сукути гирду атроф дарз рафта, акнун дар сатҳи деҳа ҳар гуна садоҳо паҳн мешуданд.
–Он чи ниҳоят бад мебинам, уллоси саг аст, –гуфт хаёлолуд Абдулаҳад.
–Ба ман ҳам намефорад, – гуфт ҷавон, автаматро аз як даст ба дасти дигараш гирифта.
–Хуб мебуд, агар зудтар мерасидем.
–Ба куҷо? – гўё нафаҳмид ҷавон.
–Ба ҳамон ҷо.
–Аа–аа... Мерасем. Муҳиммаш – дилтанг нашав.
–Ман дилтангӣ намекунам. Лекин имрўз ташвиши бисёр дорам.
–Ҳеҷ гап не. Баргаштан пас мебинӣ кулли ташвишатро.
–Ҳайронам, ки вай барои чӣ маро ин қадар таъҷилӣ дидан мехоҳад.
–Ман ҳам ҳайрон. Ягон кори зарур доштагист, албатта...
–Ба ин шубҳа нест, аммо дилам душманӣ мекунад. Ширихомхўрда аст фарзанди одамизод.
–Ҳозир чӣ лозим ба ҳар гуна хаёлу тахмин рафтан. Ягон соат баъд мефаҳмӣ, осуда мешавӣ.
–Гапат рост. Бо вуҷуди ин...
Вай давоми суханашро фурў бурда, гўё аз кадом фикри ногаҳон, ки ба сараш омад, хомўш монд. Ҷавон низ дигар ҳарфе ба забон наовард. Ва онҳо як муддат роҳ паймуда, ба пошнаи деҳа расиданд.
–Ҳамин замон субҳ медамад, – гуфт Абдулаҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё