Шоҳроҳи истиқлол

–Гапат рост. Бо вуҷуди ин одами хоболуд кист? Як махлуқи ниммурда.
–Пас ту ниммурдаро мемондӣ?
–Набошад чӣ!
–Не–е, ба ниммурда монанд набудӣ. Худи ҳамон лаҳза хобат парида, хеле ҳушёр менамудӣ, – гуфт ҷавон ва бо лабханди такдор зам кард: – Хуб, ҳоло рафтем.
Абдулаҳад, чунон ки гумоне бурда бошад, ба рўи вай сабук як чашм давонда, хомўш қадам бардошт. Ва онҳо, ҳар кадом дар банди хаёли хеш, чанд дақиқа роҳ паймуда, ниҳоят ба ёлаи тал расиданд.
–Уфф! – арақи пешониашро ба кафи даст пок кард Абдулаҳад. – Монда шудам.
–Пас бишин, камтар дам мегирӣ, – гуфт ҷавон ва тасмаи автаматро аз сари китф берун оварда, дар болои як санги мусаттаҳ аввал худаш нишаст.
Абдулаҳад ҳам:
–Дар ҳақиқат фурсате нишаста, як қадар нафас рост кунем, айни муддао мебуд, – гўён аз муқобили вай дар рўи санги дигаре вазнин ҷой гирифт.
Ҷавон ба риши мошубиринҷи кулўта, ба чашмони калон– калони чун чашми бум гирда ва ҷуссаи низ қариб кулўлаи Абдулаҳад нигариста – ҳандалакро мемонад–э! – нохост хандааш омад. Вале худро аз қаҳ–қаҳ задан сари вақт боздошта, қиёфааш ҷиддӣ ба ҷониби Кўҳи Бузург, ба уфуқи дуродур назар андохт. Офтоб акнун тулўъ карда, дар фарози яке аз қуллаҳои осмонхарош лаълии калони ҳамин ҳозир аз кўраи оташ берунҷастаро ба хотир меовард. Вай муҳити худро гўё лаҳза ба лаҳза сўзонда, тадриҷан, балки ноаён боло мерафт. Дар тасаввури ҷавон ҳатто чунин менамуд, ки ҳарорати онро ҳоло ў дар тану ҷонаш низ эҳсос мекунад.
Канори осмон аввал сурхфом, баъд зарҳалӣ, пасон сафедранг метофт. Ва боз як рўзи дигар тавлид меёфт. Нур медавид ба атрофу акноф, равшанӣ паҳн мегардид дар саросари олам, – гўё аз қазо равон медамид дар қолаби мурда.
–Аҷаб мутантан аст тулўи офтоб! – овоз бароварда, гуфт маҳз ба худ ҷавон.
–Тулўъ мекунад, ё ғуруб, ба ман фарқаш нест, – даст афшонд Абдулаҳад. – Ман онро фақат чун як қонуни коинот медонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё