Шоҳроҳи истиқлол

–Тавба! – ба нимханд гиребонашро қапид Абдулаҳад.
–Ҷавоб деҳ, – низ хандид ҷавон.
–Ту, аз афти кор, ба ман ғараз дорӣ.
–Албатта! Вагарна чаро шабошаб хонаат мерафтам?
–Ҳоло ман инро ба ҳисоб нагирифтаам. Фақат гуфтаниам, ки дар дилат ягон думмал ҳаст.
–Мехоҳӣ онро кафонам?
–Агар бошад...
–Натарс, ман дар дил гапе надорам. Ҳазл кардам, – ҷиддӣ гуфт ҷавон.
–Чӣ хуб! Худо аз ҳазлу шўхӣ диҳад. Вақтҳои охир ҳама бадгумон шудаем,– чеҳрааш акнун кушода, гуфт Абдулаҳад.
–Шояд, – ғурунгид ҷавон.
–Дилгазон шудаем...
– Аз барои номусулмониҳо, албатта, тарс ҳам дорем.
–Чӣ хел номусулмонӣ? – гўё чизе нафаҳмида, дар холате ки чашмони беқарораш пир–пир мепариданд, ба рўи вай нигарист Абдулаҳад.
–Ҳамин хел! – боз ситеза кард ҷавон.
–Гаранг шудам.
–Осуда бош, ҳоло мефаҳмӣ.
–Аҷаб...
Ҷавон дигар ба вай эътибор надода, ба ҷониби Кўҳи Бузург, ба қурси инак зарҳалии офтоб назар афканд. Он сипари тобнок дар фарози қулла қади як найза баланд шуда, замину осмонро равшанӣ мебахшид; ба атроф нуру сафо меовард.
Оташи уфуқ фурў нишаста, акнун қариб нилобӣ ва мулоим метофт вай. Ҷавон чашм аз он барканда, ба поин, ба сўи деҳа нигарист, ки аз фарқи ин тали калон фақат нисфаш ба назар мерасид. Нисфи дигараш дар пушти қатор–қатор дарахтони зардолу пинҳон буд. Аз он ҷо садое равшан ба гўш намерасид; пахшхўрда паҳн мешуданд гуна–гуна овозҳо. Ҷавон амиқ як нафас кашид ва автаматро, ки то ҳол дар сари зонувонаш буд, ба даст гирифта, оҳиста бархост.
–Биравем?
–Хайр, – зуд ба по шуд Абдулаҳад.
–Пеш–пеш тохтан шарт не.
–Чашм...
–Лекин ҳай чарбзабонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё