Шоҳроҳи истиқлол

–...Ногаҳон наздиктар ба ман нафаре аввал ҷунбид. Сипас оҳиста бархоста, ба чор тараф чашм давонд. Ман аз ин ҳодиса ҷон гирифта, низ ҷунбуҷўл карда, аз таки ҷасади ҳамон марде ки рў ба шонаам афтида буд, базўр берун омадам. Ва дар пеши пои падарам аз ҷой хеста, ба нимовоз пурсидам:
«Зиндаӣ?»
Вай, ки ҳамчунон дар байни мурдаҳо қад афрохта меистод, аввал аз овози ман ҳаросида, қариб буд аз нав ба замин ғалтад. Лекин дарҳол худро ба даст гирифта, як–ду қадам пеш гузошт.
«Ту ҳам зиндаӣ?!»
Ман ба ишораи тасдиқ фақат калла чунбонда тавонистаму бас.
Вай шерак шуда, наздам омад. Ҷавоне буд аз ман тахмин чор–панҷ сол калонтар. Дар торикӣ хира–хира медидам, ки сару рўяш, гарданаш, пеши бараш ҷўлида ба хуну хок... ноустувор рост истода, мисли худи ман дарақ–дарақ меларзид.
Ҳатто дандонҳояш ба ҳам бархўрда, хунук садо медоданд.
«Мегурезем, –гуфт ў, аз нав ба гирду атроф ҳаросон назар андохта. – Зуд гурехтан лозим, ки мабодо хабар ёбанд...»
«Охир... ин ҷо падарам хоб аст», –гуфтам ман, бадтар ларзида.
«Аввал – ҷон ба саломат бурдан. Вагарна ягон рўз ҷасади ўро ба хок ҳам супурда наметавонӣ».
«Деҳаи мо дур, – гуфтам беихтиёр гириста. – Якҷоя ба падарам ногаҳон дар кўча ба даст афтидем».
«Ду бародару амаки ман ҳам нобуд шуданд. Ана, –бо нўки даст ба пушташ ишора намуд ў, – ғалтида хобанд...
Ҳоло биё, тезтар гурезем, ки рафту фаҳманд, дар як нафас пайдо шуда, ҳатман мекушанд. Чӣ лозим шоҳид...»
Вай қадам бардошт.
Ман ҳам гаранг ҷониби дарвоза рафтанӣ будам, ки:
«Ту чӣ, девонаӣ?! – фишос зада, гуфт ба овози паст. – Ин тараф бигард... Аз девор гузашта, то аз шаҳрак баромадан лаб–лаби кўл меравем».
Мо тарсону ларзон ба девор наздик шуда, аз як рахнаи пастаки он шорида, худро тозон ба найзори лаби кўл гирифтем, ки тақрибан ду километр тўл кашида, гоҳо тунук ва гоҳи дигар ғулӣ гардида, дар канори шаҳрак интиҳо меёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё