Шоҳроҳи истиқлол

–Бале, бой додам, –гуфт ҷавон бо таассуфи ошкоро. – Ба хиёнати як нохалаф...
–Ҷояш ҷаннат шавад! –даст ба рўй кашид Абдулаҳад.
–Ту оё медонӣ ҳамон тирамоҳ мардуми мо, алалхусус занону кўдакон чӣ азобҳо диданд?
–Кам–кам шунидаам.
–Ҳа, шунидаӣ фақат. Аммо надидаӣ, – як нафаси чуқур гирифт ҷавон. – Азбаски ба занону кўдакони хурдсол қариб кордор намешуданд, дар куҷое бошад, мурдаҳоро низ ҳамонҳо меғундоштанд. Ёфта, шинохта, ғундошта, ба трактор меоварданд хона ба хона, ба аспу ароба меоварданд.
–Падаратро, албатта, ба расму русумаш гўрондед? – ҷуръат намуда, пурсид Абдулаҳад.
–Не, ба як ҳисоб бе расму русум, саросема... – гуфт ҷавон.
– Занҳо гўронданд, кўдакон гўронданд.
–Худат куҷо будӣ?
–Пинҳон будам! Дар каҳдон, дар таки хасбеда!
–Аҷаб рўзи сахте...
–Агар медиданд, ки мардинаҳо ҷамъ омада, масалан касеро ба лаҳад мегузоранд, онҳоро филҳол ба иҳота гирифта, бе ҳеҷ раҳму шафқат тирборон мекарданд.
–Тавба! – гиребонашро қапид Абдулаҳад.
–Ягон мард ё ҷавони навхат ҳад надошт, ки рафта ҳатто мурдаашро соҳиб шавад. Аз ин рў ҷасади раҳматӣ падарамро дар ҷои ҳамон фоҷиа модараму хоҳаронам шинохта, ба як трактори раҳгузар оварда буданд.
–Кори Худо... – гуфт худ ба худ Абдулаҳад.
–Не, кори Худо не! – гуфт ҷавон бо ситез. – Кори одамони беимон! Ман занеро медонам, ки чор писари худро дар рўи ҳавлиаш гўронда буд. Вай фақат баъди ду моҳ тавонист ҷасадн онҳоро аз хоки дари хонааш канда, қатори дигар мурдаҳо дар қабристон монад.
–Тавба! Сад тавба! – аз нав даст ба гиребон бурд Абдулаҳад.
–Тавба мегўӣ, ҳоҷӣ, намегўӣ, ҳамин аст ҳақиқат! – дона– дона ба забон оварда, тасмаи автаматро бо ғазаб ба китф андохт ҷавон.
–Худои карим ин хел рўзҳоро ҳатто ба душмани кас нишон надиҳад! – арақи пешониашро ба ангушти ишорат ситурда, андешаманд гуфт Абдулаҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё