Шоҳроҳи истиқлол

–Албатта... Вагарна фаҳмон –кай, чӣ тавр?
–Ту аз ман чизе напурс. Ту фақат ҷавоб бидеҳ.
–О ман донам, ин гапро кӣ гуфт? – аз ғояти тарс зонувонаш ларзида, дандон ба дандон гузошт ў.
–Хуб, –манаҳашро молид ҷавон, –модоме ҷавоб намедиҳӣ, ҳоло худам ҳамаашро ба ёдат меорам.
–Ман аз мурданам хабар дораму аз ин корҳо хабар надорам.
–Даҳонатро пўш! – гуфт ҷавон байни лабу дандон. – Даҳонатро пўшу гўшатро кушо! Агар хабар надорӣ, акнун бохабар мешавӣ!
–Охир...
Вале ҷавон чун ба дами теғ сухани ўро бурид:
–Баъде ки рафиқони афсар рафтанд, бегоҳӣ ту ба ҳамин Зағорадеҳ омада, ба мулло Насрулло, ё чӣ тавре муроҷиат мекунед, ба қумандон шодиёна расондӣ. Даҳонат то баногўш ба он хуношом гуфтӣ, ки дар хонаат барои вай як сайди мувофиқ нигоҳ медорӣ...
–О ту аз куҷо ёфтӣ ин гапҳоро? – чашмонаш беҷо, гашта сухани ўро бурид Абдулаҳад.
–Аз забони худаш кашида гирифтам! Аз даҳони ифлоси худи ҳамон муллои беимон шунидам!
–Ин хел ки бошад, рафта мепурсем, – бигузор аз сари нав бигўяд. Рўбарў бигўяд...
–Вай дигар гап зада наметавонад. Лол аст.
–Яъне чӣ?
–Боз мепурсӣ, а? – заҳрханд кард ҷавон. –Яънеаш ин ки ман ўро дирўз, вақти намози шом, ба он дунё фиристодам.
–Ҳазл будагист... – лабони борикаш сахт ларзида, базўр гуфт Абдулаҳад. – О ин...
–Чӣ ин? – дандон совид ҷавон. – Кори осон нест? Осон...
Агар ният кардаӣ, осон! Пас аз як–ду дақиқа мебинӣ лошаи ҷўраатро. Ба ҳамин чашмони сарат мебинӣ, ки ҳеҷ бандаи хунхор беҷазо намемонад... Интизор аст вай. Ба ман гуфта буд – туро ҳатман дар паҳлуяш гузорам. Дар акси ҳол зиқ мешудааст, мепўсидааст дар танҳоӣ!
Абдулаҳад дастони ғафсашро бо ҳайрат ба ду тараф кушода, вазнин сукут кард. Баъд нолида–нолида, гуфт:
–Аз афти кор ту маро азоб дода, дурусттар санҷидан мехоҳӣ. Мақсадат ҳамин бошад, чандон хафа нестам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё