Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Шайтон аз роҳ зад маро, шайтон... Акнун чӣ мекунам–э!
–Ўро чанд нафар бурданд?
–Худи мулло Насрулло. Аз аввал бад медидам ман он касифро.
–Боз кӣ?
–Боз як каси дигар.
–Ин гапат рост, ду нафар буданд онҳо. Лекин дуюмаш кӣ?
Номаш чӣ?
–Намедонам. Дуруст намешинохтам.
–Дурўғ!
–Охир мекушанд маро! Як рўз не, як рўз мекушанд...
–Туро ман худам мекушам!
–Не, аз чеҳраат маълум, ки раҳмдилӣ.
–Пас бигўй, кӣ буд дуюмаш?
–Худо маро омурзад!
–Номаш? – мушт гиреҳ кард ҷавон.
–Номаш мулло... Фақат назан, – канда–канда–гуфт Абдулаҳад. –Номаш мулло Абдулмаҷид. Вай ҳоло нест дар ин атроф, кўчида рафтааст.
–Ба куҷо?
–Мегўянд, ки шаҳр... Мегўянд, ки дар Душанбе...
–Ўро аз куҷо ёфтан мумкин албатта медонӣ!:
–Намедонам.
–Медонӣ!
–Худо занад, ки...
–Ту ба гандагӣ олударо кайҳо задааст Худо, – бо як мушт даҳону бинии ўро ғарқоби хун кард ҷавон.– Лекин медонӣ!
–Э вой! Мани бечора надонам... Мегўянд, ки хонааш дар пеши бозори Саховат. Рост аст, дурўғ аст...
–Меёбам ўро. Осмон омада ба замин часпад ҳам, меёбам!
–гуфт ҷавон, автаматро ба дасти дигараш гузаронда. – Акнун пеш даро!
Дар ҳолате ки хуни лабу даҳонашро ба кафи даст пок мекард, Абдулаҳад тарсон қадам бардошт.
–Зудтар!
–Хуб, хуб... – аз бими зарбаи нав қариб юрға гирифт вай.
–Явоштар! – нидо кард ҷавон.
Инак ба ў баробар мерафт Абдулаҳад. Кўрроҳаи онҳо ҳамчунон лаб–лаби ҷар тўл мекашид. Тезоб гоҳ ором ҷорӣ гардида, гоҳо печутоб хўрда, пасту баланд садо медод.

пешина
аз 276
навбатӣ