Шоҳроҳи истиқлол

Шабҳо ҳам улавакиҳо бо ин роҳ мегузаштанд. Аз деҳаи Роҳатӣ кўҳталро нишеб мешуданд ва аз сангоб, ки мегузаштанд, боз кўҳтал, кўҳтали деҳаи Нилкон пеш меомад. Дар сари кўҳтал мазор, мазори ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф, аз паси мазор ба деҳа роҳ оғоз ёфта. Баъд кўчаҳо, ҳавлиҳо, кулбаҳою боғу майдонҳои мардумони деҳа ва роҳ ба масҷиду дохили мазор. Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф нигаҳбони аҳли деҳа, нигаҳбони давоми ҷигарбандон, давоми фарзандонашон, асрҳо боз рўҳашон онҳоро бонӣ мекунанд, аз балоҳо, аз офатҳо ҳифз менамоянд.
Дар рўзҳои низоъҳо, ҷангҳои байниҳамдигарии тоҷикон аз ким – куҷое ба ҷониби деҳаи Нилкон аз танкҳо тирҳо холӣ шудаанд, тирҳо ба девор, (дар он рўзҳо мазор аз нав бунёд мешуд), ба сутунҳои пешайвони мазор омада, ба замин – ба пешгоҳи он афтода. Лек ягонтои он ба болои деҳа, ба сари одамон ва ҷонвариёту ҷонзотҳо нағалтида, сари хасе аз кулбаҳои аҳолӣ беҷо нагашта. Мазори ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф тирҳоро ба худ гирифта. Рўҳашон фарзандон
– мардумони деҳаро ҳифз намуда, болои сарашон сипар шудаанд.
Мардум бо чашмонашон дида ва шунидаанд, ки рўҳи ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф аз носипосӣ, беҳурматии одамон ранҷидаанд.
Ранҷишашон боиси беморию ранҷурии якумрии баъзеҳо шуда. Рўи ин гуна касон каҷ, ба паси сар чапа гашта. Шахсони пургуноҳ, нопок аз назди мазор роҳ ёфта натавонистаанд, тавбаю надомат мекардаанд, даст ба гиребонашон мешуданд.
Боре корвонакиҳо аз Хитой бармегаштаанд, чандин шабу рўз буда, ки онҳо дар роҳ. Зану марди бисёре. Роҳ ба роҳ чи дилхушӣ, чи беадабиҳо накарда. Он рўз аз кўҳтали деҳаи Роҳатӣ нишеб шудани ин корвонакиҳоро одамон аз деҳаи Нилкон мушоҳида намуда. Тамошои аҷоибе. Аз улавҳошон корвонакиҳо пиёда шуда таги дарахтони канори роҳ ғун омада суруд мехонданд, даф менавохтанд, занону духтаронашонро оғўш мекашиданд, онҳоро ба даруни боғу дарахтзорон кашола мекарданд. Аз афташ май нўшида, ҳама маст, сархуш, аз худ бехабар. Садои ҳаёҳуй, қаҳ –қаҳи хандаашон ба фалак. Баъзеашон рўи роҳ афтода боз бо мадади ҳамдигарӣ аз ҷой бармехостаанд. Бо ҳамин минвол, ба гуфтае бо ҳангоҳунг сангобро гузашта, кўҳтали мазорро баромаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё