Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Қаҳрат омад?
Хостам ба овози баланд бихандам, аммо аз андешаи ин ки наранҷад, дандонҳоямро ба ҳам фишурдам ва дигарбора ба ў зеҳн мондам. Як одаме, ки мегўӣ хоросанги аз фароз ҷаршуда бошад. Оҳиста – кебида наздам омад, лекин маълум мешуд, ки инсони беозор ва содаандеш аст.
– Аз дареғ гуфтани ман малоли хотир нашав, додар.
Намебинӣ, ки ман кабки яккафарёдам. Имрўз дар ин пушта, фардо дар пуштаи дигар… Овораам, бечораам. Хонадарпуштам акнун. Фаҳмидӣ?.
– Мефаҳмам, амак. Аммо аз дарду дареғи худ дар кўча дод намезананд. Одамон метарсанд. Агар ба овози баланд механдидӣ, касе намепурсид, ки мазмуни хандаат чист. Дареғ гуфтанат – нишонаи эътироз аз рўзгор аст. Медонӣ, ки дареғ гуфтан дар гўристон хуш садо медиҳад. Маро бубахш, аммо…
Ў дигар ба ман гўш надод. Аз наздам оҳиста гузашту даҳ
– дувоздаҳ қадам онсўтар бозистод. Ҳайрон буд. Одами калону фарбеҳ аҷаб ҳайронии номаълуме дорад. Хаёлам аз ман пурсиданӣ буд, ки боз чӣ гуноҳе кардааст.
– Дарёро тамошо кун, ака. Аз мову худат бузургу бахшояндатар аст. Ба ҳиҷ кас кор надорад, аз касе чизе намепурсад, қарздор ҳам нест. Баракс, ҳамаи мо аз вай қарздор ҳастем.
Мардак дигар ҳарфе ба забон наовард. Оҳиста аз ман рўй гардонду ба роҳаш идома дод. Роҳгардиаш гарону раҳмовар буд.
Ман ба рўи дарё нигаристаму яке симои имрўзии устод Ғолиб ва чашмони меҳрубону ҳавзи обаш пеши назарам ба пайдо омаданд. Чӣ хел баданаш меларзид! Гўё дарахти бузургеро тўфони мусибат дар қабзааш меафшонд.
Ва фикр кардам, ки гиряи одами офаранда баҳорро хазон мекунад.
Ва фикр кардам: ин гиря на талх аст, на шўр, на тунд, на зебо, на офаранда.
– Эҳа, дар ин шаҳр нолиш кардан иҷозат набудааст!
Тавба! Мегўӣ, ин шаҳра барои худашон харида бошанд, – ин овози ғафси ҳамон мард аст, ки пули болои дарёро убур карда, ҳоло рў ба фароз қадам мезад.
Пули болои дарё як хамёзаи бафурҷа кашид. Хоб аст ё хастанаво? Намедонам.
Фақат эҳсос кардам, ки ҳоло вақти рафтанам аст. Хазида
– хазида торикӣ мефурояд.
Торикӣ ҳам оҳанги дареғ дорад.

пешина
аз 276
навбатӣ