ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Дар ин деҳа мо бо олим – боғпарвари номии водии Рашт Мирзошо Акобиров вохўрӣ доштем ва он кас ба мо дар бораи таъсис додани музейи маҳаллӣ аз аспобу анҷоми мардуми қадим дар ин диёр, инчунин ташкил намудани боғи коллексионии дарахтони мевадиҳанда дар қитъаи замини хоҷагии деҳқониаш ва дар он ҷо ҷамъ овардани навъҳои гуногуни мевагиҳоро ба мо нақл намуданд.
Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум
Ин ҷамоати деҳот яке аз калонтарин ҷамоатҳо дар ҳудуди ноҳияи Рашт ба шумор меравад. Дар ин ҷамоати деҳот деҳаҳои қадимаи Шул, Қазноқ, Чашмаи Кузӣ, Ғовосиён, Вардуч, Машконак, Качамандӣ, Қизроқ, Қаролуқ, Лойоба ҷойгиранд. Мардуми ин деҳот аз давраҳои қадим бо боғдорӣ, ғаллакорӣ ва чорводории хеш машҳур буданд. Мо ба ин ҷамоати деҳот сафар намуда бо деҳқонон ва донишмандони анъанаҳои мардумӣ ва калонсолон: Усмонов Давлат, Додарбеков Бегиҷон, Маллаев Каримҷон, Ҷумаҳмадов Хушвақт, Саймуддинов Қутбиддин, Шеров Мирзовалӣ, Саймуҳиддинов Маҳмадсолеҳ, Умаров Саидҷон, Эшонов Диловаршо, Пиров Маъруф, Ҷононов Саид, Ризоев Сияршо, Ҳасанов Азамҷон, Салимов Партовалӣ, Абдулов Абдулвосеъ, Раҷабов Махсум, Азизов Муқим, Сироҷов Аврод, Раҳимов Абдулмаҷид, Додов Ҷуъмабой, Сайёдов Давлатхуҷа, Раҳимов Ҳаит, Ҷамолов Шоҳин, Ҳиматов Ёқуб, Ҳимтов Юсуф, Сайёдов Мирмаҳмад, Абдулов Илҳом, Маҳмадиев Ҷураҷон, Салимов Шералӣ ва дигарон вохўрӣ ва сўҳбатҳо гузаронидем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё