ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Дар ҳавлиам ман чунин дарахтони чандбараро хеле бисёр парвариш кардам ва ин таҷрибаамро ба фарзандонам ва ҷавонон омўзондаам».
Дар ноҳияи омўзишу тавсифи донишҳои нодири мардумиро дар Гурўҳи технологии деҳот (ГТД) дар деҳаҳои «Ҷонқирғиз», «Қушағба» ва «Пилдон» дар бахшҳои гуногуни кишоварзӣ иҷро менамоянд.
Деҳаи «Ҷонқирғиз». Парвариши капусти голландӣ.
Дар деҳаи «Ҷонқирғиз» Гурўҳи технологии деҳот дар мавзўи «Парвариши капусти голландӣ» кор ва фаъолият менамояд. Дар ин гурўҳ нафар занони ин деҳа аъзо мебошанд. Роҳбари ин гурўҳ зани таҷрибанок Файзова Ҳалилахон Ҷаҳанбаевна мебошад. Ин ГТД дар мавзўи парвариш ва ҷорӣ намудани капусти голландӣ кор ва фаъолият менамояд. Дар вақти интихоби навъҳои ин зироат онҳо диққати махсус дода, тухмиҳоро худашон низ парвариш менамоянд ва ба дигарон медиҳанд. Аъзоёни ГТД ин деҳа махсусан ин зироатро дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва дар гармхонаҳояшон парвариш менамоянд. Онҳо аз тухмиҳои ин зироати дар шароити кўҳистон акнун паҳншаванда аввали парварда сабзонида, пас аз он дар гармхона парвариш намуда, ҳосили дилхоҳ мерўёнанд. Аз як сотих (0.01га) онҳо қариб 20-40 кг ҳосили капусти голландиро ба даст меоранд. Ин таҷрибаи нодири ГТД-и деҳаи «Ҷонқирғиз» дар оянда дар дигар деҳаҳои ноҳияҳо метавонад мавриди истифода қарор гирад ва кўмак расонад.
Деҳаи «Қушағба». Нигоҳдории маҳсулоти ширӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё