Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Масалан дар аксари ноҳияҳои вилояти Сўғд мардум пеш аз хона сохтан аввал аз лой лўндачаҳо тайёр намуда, баъд онҳоро дар бардоштани девори хона бо усули синҷ мондан истифода мебаранд. Аммо дар аксари ноҳияҳои қисми ҷанубии мамлакат бошад, бо роҳи аз хоку коҳ тайёр намудани лой ва онро баъд дар бардоштани деворҳо истифода мебаранд.

Аз таҷрибаи мардумии «Ҳашар» истифода бурдан дар деҳот.

Аз замонҳои қадим мардуми тоҷик як анъанаи хубро дар ҷомеа андўхтааст, ки ин ҳам бошад дар раванди ягон корро иҷро намудан ҳамагон дар он иштирок намудан аст, ки он бо номи «ҳашар» дар байни мардум маълум аст. Масалан аввали баҳорон тоза намудани ҷўйю заҳбурҳои обиёришаванда, сохтани тагдеволи ягон бинои ҷамъиятӣ, аз қабили мактабҳо, чойхонаҳо, роҳҳо ва инчунин рўйпўш намудани хонаҳои шахсии одамон дар фасли тирамоҳ ва ғайраҳо, ки онҳо бо ёрии мардум ба ҷо оварда мешаванд.

пешина
аз 56
навбатӣ