ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

ХУЛОСАҲО
-
Дар раванди иҷроиши лоиҳа мутахассисон ба якчанд деҳаҳои 6 ноҳияҳои водии Рашт сафар намуданд ва дар он ҷо бо таҷрибаи фермерон ва деҳқонон, ки дар Гурўҳҳои технологии деҳа (ГТД) муттаҳид шуда, кору фаъолият менамоянд, шинос шуданд.
-
Дар раванди гузориши тадқиқотҳо мо бештар аз 100 нафар сокинони деҳот вохўрда, бо онҳо сўҳбатҳо оростем. Дар байни онҳо деҳқонони ботаҷриба буданд, ки онҳо оиди донишҳои суннатӣ дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи бой доштанд, инчунин мутахассисони ҳунарманд доир ба пайванд кардани дарахтони мевадиҳанда, табибҳои мардумии шикастабанди устухони шикастаи одаму ҳайвонот, донишмандони таҷрибаҳои гуногуни мардумиро доранд (тайёр кардани маҳсулоти ширӣ, чизҳои пашмӣ, тайёр кардани маҳсулотҳои дигари хоҷагӣ, аз чуб тайёр кардани қошуқ, табақ ва ғайраҳо) буданд.
-
Дар маҷмўъ дар натиҷаи омўзишҳо дар манотиқи гуногуни дар боло зикршуда мо зиёда аз 200 навъҳои маҳаллии дарахтони мевадиҳандаро, аз он ҷумла 60 навъи себ, 37 навъи зардолу, 24 навъи ангур, 10 навъи тут, 9 навъи шафтолу, 8 навъи чормағз ва 8 навъи нокро, ки онҳо ба нигоҳубинӣ махсус ва зиёд намудани онҳо барои наслҳои оянда бо роҳи пайвандкунӣ эҳтиёҷ доранд пайдо намудем. Аз навъҳои зироатҳои яксолаи кишоварзӣ бошад мо 20 навъи маҳаллии каду, 7 навъи гандум, 4 навъи лўбиё, 3 навъи боқле ва 2 навъи ҷавро пайдо намудем, ки онҳо дар асоси баҳодиҳии мардуми деҳот таъми хуби хўрокӣ ва дигар сифатҳои мусбиро доро мебошанд.
-
Мувофиқи баҳодиҳии худи сокинони деҳот аксари навъҳои маҳаллии зироатҳо ва дарахтони мевадиҳанда ба касалиҳо хело тобовар буда, ҳар сол ҳосили дилхоҳ медиҳанд. Ин навъҳои маҳаллӣ солҳои зиёд дар шароити ин ё он маҳал парвариш ёфта, ба шароити ин маҳал мутобиқ гаштаанд ва нишонаҳои авлодиашонро нигоҳ медоранд. Ин махсусан дар навъҳои маҳаллии себ, нок ва зардолу мушоҳида мегардад.
-
Дар асоси тадқиқотҳои гузаронидашуда бештар аз 20 намуди ҳунару донишҳои мардумӣ дар бахши кишоварзӣ дар ноҳияҳои омўзишӣ омўхта шуданд.
-
Дар асоси сўҳбатҳо ва саволномаҳо аз мардуми деҳот маълумотҳои муфид оиди таҷриба ва малакаи онҳо доир ба донишҳои мардумӣ, навъҳои нодири мевагиҳо, ки дар ҳолати аз байн рафтан қарор доранд, инчунин оиди мушкилотҳои рушди минбаъдаи донишҳои мардумӣ дар деҳот ба даст оварда шуданд.
-
Маводҳои ба даст оварда шуда ва маълумотҳои ахборотӣ оид барои дар оянда нигоҳдорӣ ва ҳифзи захираҳои генетикӣ, гуногунии агробиологии маҳаллӣ ва донишҳои мардумӣ аҳамияти калони илмию амалӣ доранд.
-
Дар оянда барои нигоҳ доштани донишҳои мардумӣ ва навъу намудҳои гуногуни агробиологии маҳал дар ҷумҳурӣ бояд диққати ҳукуматҳои маҳал, деҳқонон, аҳолӣ ва ҷомеа ба воситаи омўзиш, чопи маводҳо ва додани қарзҳои имтиёзнок пурзўр карда шавад. Инчунин бояд иваз намудани таҷрибаҳо оиди ин корҳо дар байни деҳқонони маҳал ва берун аз ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё