Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан
  1. МАФҲУМИ ГУРЎҲИ ТЕХНОЛОГИИ ДЕҲА (ГТД)

Гурўҳи Технологии Деҳа (ГТД) як намуди пешбурд ва ташкили системаи хизматрасонӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ дар асоси таҷрибаҳои мавҷудаи маҳал (анъанавӣ) барои минтақаҳои баландкўҳ ба шумор меравад. Моҳияти асосии ташкили ин гурўҳҳо ин дар гирди деҳқонони ботаҷриба, ки нисбати дигар ҳамкасбон бомуваффақтар ҳастанд дар як гурўҳ ҷамъ кардани деҳқонон мебошад. Ин ба онҳо имконият медиҳад, ки дар давоми мавсим аз деҳқонони ботаҷриба биомўзанд ва таҷрибаи худро бо дигарон қисмат намоянд. Принсипи асосии ҳамроҳшавӣ ба гурўҳҳо асосан ихтиёрӣ буда, дар асоси талаботҳои шахсӣ ё ки индивидуалӣ, ки мехоҳанд аз таҷрибаҳои дигарон биомўзад, мебошад. Пеш аз ташкил кардани гурўҳ, тадқиқоти пешакӣ оиди муайян намудани таҷрибаҳои пешқадами мавҷудаи дар сатҳи маҳал дар соҳаи хоҷагии қишлоқ гузаронда мешавад. Баъд аз ин аз байни таҷрибаҳои пешқадам, беҳтаринҳо, ки нисбати онҳо маҳал бисёртар эҳтиёҷот дорад, интихоб шуда, дар гирди он гурўҳ ташкил дода мешаванд. Баъди ташкил шудани гурўҳ, роҳбари гурўҳ як нафар деҳқони пуртаҷриба интихоб мегардад. Гурўҳи технологии деҳа (ГТД) нақшаи фаъолиятҳоро барои соли ҷорӣ бо интихоби масъулон тартиб медиҳад. Дар ин вақт асосан нақшаи вохўрии гурўҳ ҳам тартиб дода шуда, дар гурўҳ мувофиқа ва тасдиқ карда мешавад.

пешина
аз 56
навбатӣ