Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

«Кулли явмин бадтар» – аҳволи ҷўгиён беҳие надошт. Дарбадарӣ занонро ба ҷон расонд. Мардон, ки аслан кори зиёде надоштанд, имрўзҳо бекор монданд. Замона чунон буд, ки на чошу ғилбор, на кафлесу ҳован, на парвизану чумча ва на табақу гаҳвора ва на ангуштарию даспонаю гўшвора ба касе лозим нашуд. Табақҳои лангарӣ, чумчаҳои бобоӣ харидоронро метарсонд.
«Ҳамин табақро пур кунӣ, бас, ё бо орд ё бо гандум» аз халтааш табақҳоро бароварда мегуфт Чинӣ, вале харидоре набуд. «Ин хел табақ чӣ лозим? Чиз бошад, бе ҳамин ҳам саришта мекунем» ҷавоб медоданд кадбонуҳо. Ва Чинӣ ҳамон зайле ки халтааш аз табақу кафлезу чумчаҳо пур ва ангушту гўшу гирдогирди рўймоли сараш аз ангуштарию гўшвора зиннат ёфта буд, бармегашт. Норҷон аз паси ў кашол буд. Ҳамвора фикр мекард, ки Худо ин қадар ўро шўрбахт офаридааст...
Ҳаво хунук шуд. Барф ҳам аз ҷўгиён ниқор гирифтан хост, ки ҳоло ҳам ба лаби табақ мерехт. Ҷўгиён писанд накарда мисли одамони ҷамъияти ибтидоӣ бараҳнаю нимбараҳна мегаштанд.
Ҳарчанд онҳо дар ҳавоҳои сард одат карда буданд, нобуд мешуданд. Онҳоро аз дарун – аз шиками гурусна хунук мезад. Чинӣ безобита шуд: ў ваъда дода буд, ки дар ҳар ҳолату сурат бояд оиларо таъмин кунад. Ва сахт омадани рўзгорро дида, Худойқулро танҳо ёфта гуфт: «Худойқул, ман ба ту ваъда дода будам, вале зиндагӣ сахт омад, аз ўҳдааш намебароям… Айби ман нест. Аз субҳ то шом дар ба дар мегардам. Таъмин карда наметавонам.
Ба ҳар ҳол ту мард».
«Вақте ки замона ин хел бошад, аз дасти ман чӣ меояд?»
«Намедонам, Худойқул, ба назарам, ки кўдаки шикамам мурдааст, чанд рўз аст, ки ҷунбиданашро ҳис намекунам...»
«Аз беқувватӣ будагист?.. Хафа нашав, мегузарад...». Худойқул бархост, аз боғхона берун омад. Барф бозмонд. Офтоби зимистон гўё бо одамон шўхӣ карда, гоҳ-гоҳ чашмак мезад. Худойқул чўпонӣ мерафт, ки як асои дароз ҳам дошт. Дар хона хеле ғамгин буд, вале вақте ки аз дар берун омад, чашмонаш беҷо шуданд.
Вай боғҳоро гузашта рафт, маълум набуд, ки куҷо равад, ризқҷўӣ равад ва ё тоифаро тарк гўяд? Ў чанд боғ он тараф дар сари девор зоғу аккаҳоро дид, ки дузд барин овоз набароварда, гардан дароз карда, чизеро мепоиданд. Пас ҷаҳида ва ҳамон лаҳза баргашта сари девор мешуданд. Ба назар, Худойқул башитоб рафта зоғу аккаҳоро дошта, рўзӣ карданист. Чун ба девор наздик шуд, паррандаҳо парида дуртар рафтанд. Худойқул сар бароварда аз сари девор он сў нигарист: сагҳо ҷо-ҷо чўкка нишаста, лаб мелесиданд ва бад-бад ба миёна менигаристанд. Дар миёна як маслухи пўстканда меистод ва саге мисли хирс сар ба шиками чоки аспи мурда дароварда дилу ҷигари онро мехўрд. Ва лаҳза ба лаҳза сар аз даруни маслух берун кашида, ба дигар сагҳо менигаристу меғуррид: агар саге наздик шуда бошад, пурхашм «ъурр» мегуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё