Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Сангиной мерафту меомад девонаавзоъ. Ҳолати ўро танҳо модар мефаҳмид...
II
Набераи Абўшукури ғорӣ ва писари Абўмансури колхозбезор
– Зукур дар кўдакиаш ҳам тарсу буд; муҳит ўро тарсу карда буд:
вақте ки сухан аз бобои гуреза мерафту кўҳ ба кўҳ гаштану аз деву ҷин натарсида дар ғорҳо зиндагӣ кардани ўро мегуфтанд, Зукур китф баланд карда, сари сина дамонда, тойчаосо мефиркид, ки мисли бобош мешавад ва вақте мефаҳмонданд, ки дар замони мо ин хел шуданаш мумкин нест ва ҳоҷат ҳам надорад, вай фурў менишаст, ба назар китфонаш меафтиданд; ва агар сухан аз ҳодисаҳои дигар равад, калонҳо даст ба даҳон бурда «ҷим-ҷим»
мегуфтанд ва каф ба лаб пахш мекарданд, то эҳтиёт бошанд, зеро девор муш дорад ва муш – гўш. Бачча хаппак мегашт, сангпуштвор гардан миёни китфон фурў мекашид. Калонтар ҳам шуд, чунин буд, мактабхон ҳам шуд, чунон буд – тарсуву ларзон. Ва вақте ки даъватномаи аскариро ба дасташ доданд, андешаи фирор кард, аммо аз мурдан (наравам, мепарронанд) тарсида, ба ҷанг рафт. Ва ҳангоми ба қатор савор шудан чунон зими сиёҳ зад, ки аз будану набуданаш касе огоҳ нагашт...
... Зукур баъди рафтани қатор шабро дуртар аз роҳи оҳан гузаронд ва чашми рўз накафида рў ба Офтоббаро овард. Рафту рафт, рафту рафт, ба домани кўҳҳои баланд расид, вале намедонист, ки ин кўҳ кадом кўҳ аст ва кўҳи ў медонистагӣ дар куҷост. Зеро онҳоро чанд шаборўз пиёда бурда буданд, савора бурда буданд, аз мошин фароварда, миёнбур, роҳ наздик гуфта бурда буданд ва ў фарқ накард, ки роҳи рафт кадому роҳи бозгашт кадом...
Мерафту мерафт, намедонист, ки рўз дар куҷову шаб дар кадом манзил аст. Аз шабистони муваққатии ў то домани кўҳ хеле роҳ буд ва муроди Зукур ба он расидан. Ба назар наздик метобад, ба гаштан дур. Ў метохт, то зудтар дар паси харсанге, даруни камаре ё буттазоре ҷой гирад... Ба нияти аввал расид, аммо дер давом накард: он шаб дар камарак ҷой гирифт ў, дар камараке, ки баландтар аз роҳи гузар буд. Зукур дигар камару обкандҳоро хуш накарда, миёни буттазоронро ҷои хоб надониста ба ин камар омад, ки офтоб фурў мерафт; гирду пеши камарак пур аз устухон ва пашму тибити ба хорбуттаҳо часпида буд ва боз шохҳои ворафтаву мисли токи кўҳна лифбаста мехобиданд, ки далел ба шохи оҳуву архару бузу серка буданд. Воҳима гирифт тани ўро. Агар шохҳо гувоҳ набуданд, яқин мекард, ки ҳама устухони одаманд. Гумонаш ё одамхўрҳо ин корро кардаанд ва ё гурезаҳо фавтидаанд. Раъша гирифт баданашро, мўи сараш рост шуд, ларзид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор