Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Аммо ў дар қатора, дар кўҳҳо, дар ғор, дар назди Ваҳшӣ ин чизҳоро фаромўш кард, гумон дошт, ки дидор дар қиёмат монд; нафрат хонд ба падар, ки ўро аз аскарӣ боздошта натавонист; фақат гапашро ба занаш гузаронда метавонад, зўраш ба модари ў мерасад, дар назди касе эътиборе надоштааст. Ҳо, фаромўш намекунад, ки боре падар ба ҳавлии ҳамсоя гузаштӣ, гуфта, мўи дарози модарро ба даст печонда, сонӣ ба замин афканда, лагадкўб карда буд... ва ў намефаҳмад, ки чаро аз чунин падари золим натарсида, аз модари ҷафокаши муштипар метарсад – чунон ки аз он мардаки маълумотчӣ дилаш пур не, аз модараш низ дилаш пур не; падараш ўро пинҳон карда метавонад, дар оғил ҷой надиҳад ҳам, дар ҳезумхонаи паси ҳоҷатхона, ки роҳи даромадашро на ҳар кас медонад, ҷой додан мумкин, ё роҳи гурезу пинҳон шуданро гуфтан имкон дорад, аммо модар ин корро карда натавонад: ё баробари дидан дод зада, сирро ошкор созад ва ё ҳар рўзу ҳар соат «чаро ин корро кардӣ? чаро хиёнат кардӣ? кӣ ба ту роҳ намуд? ман туро ба ин умед калон накарда будам... шарманда шудем... вай ҳамин хел занак; ба сиёҳкорӣ тобу тоқат надорад, барои ин аз шавҳараш шаллоқ мехўрад, аммо илоҷи корро намеёбад, гўё зиндагӣ (ба қавли худаш тақдир) онҳоро як ҷо андохтааст, ки сагу пишак бошанд... Падараш баъди омадани Сангиной аз чунин корҳо ибо мекардагӣ шуд, гўё давраи дамгирии падар расид; хонаро бояд Сангиной медид, гову гўсоларо ҳам. Модараш бояд ба давраи занон шарик мешуд, дарду ҳасрати ҳамаро мешуниду худаш ҳам ҳасрат мекард, аммо алами номаҳои сиёҳ ва аз бенавоиву гуруснагӣ фавтидани мардум, аз алафхўрӣ варамида мурдани одамон ба ҳасрат кардан имкон намедод – ҳама чизро мардум дар гиряашон мегуфтанд, ҳатто номардии нокасонро ҳам зимни ҷаҳр андохтану садр рафтанҳо мегуфтанд занон... Зукур аз ҳаминаш метарсид, ба даст афтодан ногузир аст. Дигарон худдорӣ карда ё рўи хотир карда, нагўянд ҳам, модари худаш мегўяд: шири додаашро бунёд мекунад, ба осмон медўшад, то ҳама донанд, аз ў чунин писар рўидааст.
Ҳоҷати ба камар даромадан набуд. Шаб. Ҳеҷ кас ўро намебинад; тори харсанги сафед баромада шинад ҳам, касе намебинад, магар сагҳо, ки бўй кашида ҳама сирро фош мекунанд. Ҳамин ки бўй бурданд, фўк ин ҷониб гардонда меҷаканд. Аз модарарўсаш-ку хавф нест, сагҳо сад сол ҷаканд ҳам, ин сў нигоҳ намекунад, аммо падарарўсаш – зирак; аз сагон ҳам пештар бў гирифта, чунон меангорад, ки чизеро надидааст... худотарс ва медонад, ки аз ин дунё чизе надид – умраш дар ташвиш гузашт, дар он дунё роҳаташро мебинад. Феълу хўяш ба феълу атвори қудо – Абўмансур зид. Дар маъракаҳо Абўмансур валвала мекунад, гап медиҳад, гуфтаи худро ҳақ баровардан мехоҳад, аммо қудо – Раҳматулло сукут меварзад, то ҳарфе ноҷо нагўяд; мабод ки ҳарфе ба хато равад, касе ранҷад, аз ҷаннат маҳрум гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор