Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳама ин дунёро фикр кунанд, сақич аз даҳони дигарон рабоянд, аз сад навадро зада рўзи хуш гузаронанд, Раҳматулло он дунёро андеша мекунад... сўфӣ – Раҳматулло.
Аз рахнаи девор гузашта, аз паси дарахти зардолуи талхак пушти тут рафт. Гумонаш буд, ки ба дарахти калони чормағз расад, оҳиста номи сагро гирифта ҷеғ мезанад, саг омада, Зукурро мешиносад. Коре карда худро буни оғил мегирад ва нигарон мешавад, ки Сангиной кай мебарояд. Шишту шишт, сад бор саг наздаш омаду бўй кашиду дум ликконду рафт, боз ҷониби камар фўк ёзида, ак гуфт, аммо Сангиной набаромад ва ҳамин ки хоби сагон сахт бурду вақти дуздии гургон расид, боз аз девор баромада, ҷониби ҳавлии худашон рафт. Ҷои хоби Сангинойро донад ҳам, ба даромадан ҷуръат накард. Сангиной ҳамроҳи падару модари Зукур, ҷеғ зада баровардан душвор. «Сангиной!» аз ботинаш омад ин овоз, аммо баланд набаромад, аз тарс ё аз бемадорӣ: чунон гуруснаву бефара, ки саг нон орад, аз даҳонаш мерабояд. Магар чунин нияти ўро Сафедак хоб дид, ки сар бардошта ғуррид ва боз рўи дастон сар ниҳода, хобаш бурд... Аз хона садои сурфаи занона баромад, низ хоболуд буд. Зукур сурфаи модарашро шинохт. Ба танаш ларза даромад, ки сурфаи душмани ашаддиро мешунида бошад. Пушти бом дароз кашида буд, то саг набинад, парчинтар шуд. Сафедак аз сурфаи соҳиба бедор гашта, сар бардошта ҳавлиро аз назар гузаронда, боз сар гузоштанӣ буд, ки бўеро шунид ва дастон рост карда, даҳон калон кушода ҳамёза кашид ва иринҷос зад – гап мезадагӣ барин: «Пай бурд» аз дил гузаронд Зукур ва пас лағжид. Хост ҳамон зайл аз бом шорида, ба замин афтад, вале Сафедак ба ў имкон надод: якбора фиғон бардошт, ба боми оғил рост шуд, деворро ханҷол кашид, баромада натавониста, аз дарвоза берун рафт; фиғон бардошта, пушти хонаро давр гашта, ба адири паси оғил омад ва зуд шасташ гашта ба думликконӣ даромад. Ба шаст омаду овози пасти Зукурро шинохта, бозистоданӣ шуд – пойи пасаш заминро харошида, қарор гирифт, аки ошноӣ зад, дум ликконд: «Сафедак, ин ман!» Сафедак гўш сих кард, сар нимрўя тофта ўро шинохт ва пеши пояш афтида бўид.
«— Ҳо-ҳо-ҳо-ҳо!» аз хона набуромада ангез медод сагро падар, маълум буд, ки овозаш хаста аст; дилшикаста; зеро охирин халқаю пайванди шаҷара бурида шуд, ақаллан келин дар гумонааш надорад, то мардак ба оянда умед бандад; донад, ки онҳо намирандаанд, наҷодашон гум намешавад...
Аввал як садои ба замин бархўрдани чизи вазнине баромад, сонӣ замин ларзид. Абўмансур фиғон бардошта паси хона гузашт ва якбора хомўш шудани онро нишонаи заминҷунбӣ донист, вале хуб диққат карда, пиндошт, ки аз шахи болои боғ ягон санг канда шуда, омада ба оғил зада, сўрох карда дарун даромад.

пешина
аз 429
навбатӣ