Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Агар дарду аламатон духтари ман бошад, дигар ба даргоҳатон қадам намемонад... Худаш ҳам мегўяд, ки дигар намеравад, агар равад, девона мешавад... Худаш ҳам сар шудагӣ... Хаёлӣхаёлӣ баромада ба боғ меравад, худ ба худ гап мезанад, дурудароз зонувонашро оғўш карда мешинаду якбора парида мехезад...
Шумо надидаед чунин ҳолатҳои ўро?.. Шояд аз шумо шарм карда, худашро нигоҳ дорад, лекин ҳамин хел шудагӣ. Ба кӣ гўям?
— Шумо гумон мекунед, ки аз хонаи ман баромада рафтани духтаратон ҳамту мемонад? – баъди андешаи дерёз ба сухан даромад Рисолат, – Боиси ҳарфу калоча намешавад? Чӣ қадар келинҳо хизмати падаршўву модаршўро карда нишастаанд, баъзеашон аз писар ҳам зиёд... Номаи сиёҳи шавҳарашонро гирифта бошанд ҳам, нишастаанд, гапу калоча шуда бошад хам, нишастаанд, аммо духтари шумо баромаду омад... Ман фақат хостам донам, боиси ин қадар гирогири Сафедаки мо аз чист? Гумонам, ки Сангиной ин чизро медонад. Гуфтам-ку: келин ба хонаи шумо омаду гирогири кучук ҳам басанда шуд... Шумо дар ҷои ман мебудед, чӣ фикр мекардед?
— Чӣ фикр мекардам? Медонам, ки саг барои ҷакидан... Калтаи мо хам то рўз хоб накарда меҷакад...
— Не, ин хел не. Саг танҳо барои ҷакидан не...

X

...Сангиной се шабу се рўз ғайб зад ва рўзи чаҳорум пайдо шуд девонаавзоъ: парешонмўй, даридалибос, сарлуч. Сурхноваро нишеб шуда омад, дори бастаро дар шохи дарахти тут надид, дар боғ нишаст, баъди торикӣ фаромадан пеш омад, на падар ба ў чизе гуфту на модар. Ба назараш нафрати онҳо метофт, чунон рафтор мекарданд, ки ў гумон дошт «куҷо будӣ?» намегўянд, «серӣ ё гушна?» намепурсанд, «ба ту чӣ шуд?» ҳам нест. Модараш дида буд, ки ў куҷо рафт, дида буд, ки ҳамроҳи кӣ рафт, аз ин рў намепурсиданд. Акнун ба андешаи Сангиной ҷуз мурдан роҳе нест...
Ҳоло дар пеш суханҳои модаршў ҳаст, беҳтараш, ки нашунавад, мураду нашунавад... «Зуъм накун, оча! Дуо накун, оча! Бе дуои бади ту ҳам мемурам!» Ба назараш, ки модар ўро дуо мекарда бошад; хомўш гаштану чизе напурсидани модарро чунин мепиндорад, вале ғайб задани падарро намефаҳмад. Намефаҳмад, ки агар ў баробари аз кўҳ пайдо шуда омадани духтар баромада намерафт, чӣ мешуд? Чӣ ҳодиса рух мезад? Падари оромтабиату андешаманди ў, ки гўё умре бар марги хеш андеша дошта бошад, бо вай чӣ кор мекард. Маълум набуд: ё бо худ коре мекард ва ё бо духтар. Сангиной гумон ҳам надорад, ки падар ҳамроҳи дев рафтани ўро медонад, дар хаёлаш нест, ки модар ин рафторро дидааст. Сангиной ҳамин чизро донистан мехоҳад, то чизе гўяд ё иқрор кунад.

пешина
аз 429
навбатӣ