Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Рост, парӣ бурд, дев бурд. Онҳо намепурсанд, то ў гўяд... Чизе намепурсад модар; гўё ба мотам нишаста, нохун мехояду андеша мекунаду мижа мезанад, вале ба хулосае омада наметавонад, ки чӣ бояд бикунад? Ба духтар чӣ гўяд, ба қудо чӣ сон фаҳмонад? Бехи нохунҳо озор ёфтанд ва хуншор шуданд, аммо ў пай намебарад; ба ҷои худаш хам, ба ҷои шавҳараш ҳам, ба ҷои духтараш ҳам фикр мекунад: «Мардак, ба ў парӣ ёр шудааст, боз ягон ҳарфи ноҷо нагўӣ!» Аммо мардак ба ў нигоҳ мекунаду чизе намегўяд ва занак аз нигоҳи ў маънӣ кашида наметавонад. «Пеш мекунам! Ба хонаи шўт рав, мегўям!» ба нигоҳ фаҳмонданӣ мешавад ў, аммо пай мебарад, ки шў низ айнан чу вай нигоҳ дорад ва ҳеҷ чизро аз дил берун афкандан намехоҳад, ҳатто дардро...
Модар нохун мехояду гумон мекунад, ки ана-ана духтар ягон чиз мегўяд ва муддаояшро мефаҳмонад, вале духтар гўё дар дунё мўре наҷунбад, манаҳ сари зону гузошта, сукут меварзад, чунон ки нафаскашиаш маълум намешавад....
Аз дер омадани шавҳар магар зан дилгир шуд, ки бархоста назди духтар рафт, паҳлўяш нишаст; панҷа ба мўяш зад, сарашро хам карда рўи зону гузошт, сила кард, молид... чунон ки беҳушона мекарда бошад... Духтар чунон вонамуд мекунад, ки эҳсос надорад, дарку фарқ намекунад рафтори модарро. Дар асл духтар андеша дорад, ки модар ба кадом хотир ин корро мекунад? Дигар модар бошад, барои напурсида гум шуданаш ва боз бинӣ кашида омаданаш ўро мехўрд; мўяшро ғоз-ғоз мекард, куртаи даридаашро ба сараш кашида, нафасгардонаш карда мекушт, аммо модари ў навозиш мекунад... Намефаҳмад Сангиной. Аммо шишаи тафсидаи чароғ қатраи боронро набардошт, ки ба нохост шикаст:
«Ў кӣ буд?»
Сангиной гўё аз садои шиша як қад парид, ларзид ва пуршаст аз бағали модар парида хест ва сўи боғ тохт.
«Нагурез, Сангиной, ман дидам, ки ў кӣ буд!... Натарс, ба касе намегўям... Дидам, ки дев туро зўран бурд! Ман ҳам мешудам, чӣ кор карда метавонистам? Нагурез! Биё!»
Аммо Сангиной наомад. Ў медонист, ки дар ин вақт Зукур дар камари Сурхнова ўро мунтазир аст ва бояд рафта ҳамаашро фаҳмонад, ки мардум аз будани ў огоҳ гаштаанд, дар он ҷо истодан хуб нест. Ҳама донад ҳам, модараш нафаҳмад... Сангиной назди Зукур дасти хушк рафтанӣ набуд, ақаллан ноне бояд барад... Лекин аз куҷо гирад онро? Агар нон наёбад, қурут, ғўлинг ё тутмавизу талқон гирифтанӣ буд, ин ҳам нашуд... Муҳимаш он ки ба вай фаҳмонад, то ў гурезад.
— Зукур, Зукур! Дар ин ҷо будани туро пай бурдаанд, ҳамроҳ, рафтани моро дидаанд!
— Кӣ?
— Ба назарам, ҳама!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор