Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

камбизоаташро пеши назар меорад, ки тори ҷасади кафанпеч рўймоли сафедашро партофта мебаранд, ҷуз Сангиной ба ҳолаш касе намесўзад; вай гўяндагӣ мекунад, ки дарди ҳардуяшон – як:
имрўз ўро бурд, фардо маро мебарад. Аз паси тобуташ ҳам каси зиёд намеравад, чанд пиракӣ, ҷуз Абўмансур марди миёнбанд нест
– додаронаш дар ҷанг, писараш... Писараш ҳо буни шахи Сафед, ҷуръати пеш омадан надорад, аз дур тамошо мекунад бурдани тобути модарашро. Баҳона меорад, ки либосаш дарида, асои ба даст мегирифтагӣ надорад, миёнашро баста наметавонад, забони гуфтору садои баланд надорад; ҳоло ин пирон бурда ба хок супоранд, торик шавад, ў ба зиёрат меравад... Балки ба назари модар мерасад, ки писар дар он баландӣ нишаста шодмонӣ мекунад, ки душман мурд, аҷалаш аз рўи олам бардошта шуд, пойгаҳро холӣ дониста, беибо бе биму ҳарос ба хона меояд.
Гўши Абўмансур садо дод: «Мардак, ман мурам, вая намонед омадан…»
— Тавба... ту барин модара зинда-зинда таги хок кардан лозим...
— Рост, мардак, рост... Ман донам, ки ин хел мешавад, сина медодам?... Ба Калта мемакондам... Ҳамсоли ҳамон ғўрамарг...
— Ҳис карда будам, ки девона ҳастӣ, лекин ин хелашро...
— Шумо хурсанд… Ў ҳам хурсанд, ки душманаш мемурад...
Мон мурам... надида мурам...
— Гов мурад ҳам, алоии чашмаш мемонад... Мемуриву авлоди маро, хуни маро бад дида мемурӣ...
— Мардак, моне-ед... Осу-уда-а ҷо-он диҳа-ам...

XI

Зукур гумон дошт, ки то барфрезӣ дар кўҳу камар мегардад, аз Сангиной хоҳиш мекунад, ки ризқу рўзӣ расонад, оҳиста-оҳиста ба падару модари худаш ва падару модари Зукур фаҳмонад, ки шавҳараш аз роҳи ҷанг гурехтааст, ақаллан дар оғилу коҳдон қатори молашон ҷой диҳанд, баҳор расад, боз ба кўҳу камар мебарояд. Аммо шабҳангом нафасгардон ба камари Сурхнова омадани Сангиной умеду армони Зукурро барбод дод.
— Абўзукур, аз ин ҷо бояд биравӣ! – гўё ки маҳз барои ҳозири ҳозир рафтани ў омада бошад, нафаси тезашро базўр дар шуш боздошта гуфт ў. – Ҳама донистаанд, ҳама фаҳмидаанд... Ҳатто район... Ман он дафъа дурўғ гуфтам, ки касе напурсидааст, лекин пурсида буданд... Ҳозир ҳам гапи ту шуд, тохта омадам... Ту бояд дигар дар кўҳу гузар нагардӣ... Ҳатто ҳамроҳ рафтанамонро ҳам дидаанд, лекин ман туро дев гуфтам; гуфтам, ки парӣ мебарад маро, дев мебарад... ба ман наздик нашавед, гап назанед... Албатта аз ман гап гирифта наметавонанд... гирифтор ҳастам, париҳо қасам додаанд, ман гап зада наметавонам...

пешина
аз 429
навбатӣ