Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ хел? Модари ман ҳам?
— Инашро намедонам.
— Ў нафаҳмидааст... мефаҳмид, кўҳ мебаромад... Ту хона бирав, ба модарат гўй, ки ҳар кас пурсад, гўяд, ки ба духтарам парӣ ёр шуда.
— Не, Зукур, ман дигар хона намеравам!
— Бояд биравӣ, бифаҳмонӣ, вагарна фош мешавад... Ман ба ғор меравам, ба ғори Амбал. Он ҷоро намеёбанд... Ба ту гуфтам-а, ман ҳамроҳ дорам?... Акнун бирав, ман ҳам меравам...
«Оча, вай дев буд! Ў маро қасам додааст, ки ин сирро ба касе нагўям, шумо, ки медонед...»
«Ман намедонам. Ҳамту аз ту пурсидам.»
«Ин сирро шумо донеду ман, оча!»
«Ҳамин хел, Сангиной!»
Модари Зукур касал шуд. Омаду рафтро ба хонаи қудо бас кард, дар бораи келин ҳарф заданро низ қатъ гардонд ва худ бистарӣ шуд – аз Сангиной ҳам зиёдтар хаёлӣ шуд: хароб гашт, заъфаронӣ шуд, ҷойи нишасташ – рўи бистар, адо гашт. Сангинойро ранҷонд. Ў хонадони эшонро тарк гуфт... Ана акнун ба дастёрии ў зор. Аммо ҷуз Рисолат ин чизҳоро касе сарфаҳм намеравад:
худаш донад, ки касалиаш аз чист... Ба ин маънӣ Абўмансурро наздаш хонду гуфт:
— Мардак... як гапи қарз дорам... Рафту Абўзукур мурдаи маро фаҳмида ояд, роҳ надиҳед...
— Аз куҷо медонӣ, ки Зукур мурдаи туро бўй мегирад?
— Ман медонам...
— Як ту писар зойидӣ?
— Кош намезойидам...
— Панҷ писари кампири Иззат рафтанд, наберааш ҳам рафт, гап не, сетоаш хати сиёҳ фиристод, гап не! Як писари шумо гап!
— Э кош, хати сиёҳаш меомад!... Вай маро девона кард, Сангинойро девона кард...
— Даҳоната пўш, лаққӣ!
— Васияти маро иҷро кунед, аз ҳамаи азобҳои додаатон мегузарам, аз гуноҳатон мегузарам... Лекин аз гуноҳи вай намегузарам...
— Аз гуноҳи кӣ? Аз гуноҳи Сангиной!?
Рисолат вонамуд кард, ки мадори сухан надорад, чанд муддат хомўш истод, чашмонашро ба шифтдор дўхт; ба назар, васса мешумурд, вассаи кодокҳоро, ки аз бекорӣ рўзе чандин маротиба шуморида мебаромад ва медонист, ки дар ҳар кодок чанд васса ҳаст, хона чанд болор дораду чанд кодок... ба назараш охирин бор мешуморад вассаҳоро; рўз то рўз хира мешаванд чашмонаш, нурашон гум гашта, танҳо сафедии берангашон боқӣ мемонад, ки ҳаворо фарқ накунад аз ашё... Чашмаш хуб намебинад, тобути

пешина
аз 429
навбатӣ