Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Баногоҳ дастонаш кушода шуданд, чунон ки ресмонро ба теғи тез мебурида бошанд. Дастонаш аз китфи ў лағжида, ба сари синааш омаданд ва қарор гирифтанд ва ў ба сару рўйи шавҳараш зеҳн монд, ки дар ҳақиқат Зукур аст ё дев. Фарқ карда натавонист; дар торикӣ фарқ карда натавонист, танҳо тораҳои ғашовари ба рўяш расида ўро бештар ба дев монанд мекарданд ва дастони Сангиной дигар гироӣ надоштанд, балки ба паси ҷуссааш шорида, то замин расиданд ва ў ба назар пеши пойи Зукур афтид.
— Бихез, Сангиной! Ҳоло рафтан – нарафтанам аниқ не! – ба таври худ фаҳмида гуфт Зукур, вале Сангиной аз пайи дили фурўрафтааш афтид. Инсон афтад, боз хезад ё бардоранд, аммо дили афтидаро бардошта нашавад.
— Ту ҳамин ҷо ист, ман ягон чиз меорам! – такрор кард Сангиной, аммо Зукур чизе нагуфт. Дар ҳақиқат ў намефаҳмид, ки вай барои халос шудан ин ҳарфро мегўяд ё аз дилсўзӣ. – Чӣ меорӣ, Сангиной?
Сангиной чӣ ҷавоб доданашро надонист, зеро чӣ оварданашро намедонист; хомўш монда, андеша мекард, ки дар хона чӣ чизи оварданӣ ҳаст? Орд? Ё нону ғалла бошад ҳам, нокифоя ва баровардани он осон нест. Фақат «куҷо мебарӣ?» гуфтани падар ҳама корро яксара мекунад.
Сангиной хестанӣ буд, аммо гумон кард, ки бихезад, масъала ҳал намешавад; ҳамин ки хест, бояд биравад... Зукур ўро боздошт.
Аз зери кашаш даст гузаронда, сахт пахш кард...
— Акнун бирав! – раҳо карда гуфт ў ва боз дошт: – Не, нарав!!
То субҳ бимон!... Худо донад, ки боз кай мебинем. Ман ба ғори Амбал меравам назди Ваҳшӣ. Гуфта будам-а? Моҳ, ки серўза шуд, роҳи маро пой... Фаҳмост?
— Ҳа!
— Акнун бирав! Не, биист!
Зукур ўро озод бардошта рўи замини сахт хобонд. Сангиной чунин корро намехост, ба назараш, ки ҳаром мешавад; ҳам либосаш ба хок меҷўлад ва дар дилаш кароҳат боқӣ мемонад, ҳарчанд ки Зукур ин корро бори аввал накардааст; ҳар бор замин ба назари Сангиной нарм метофт, аз ин беҳтару хубтарашро чашм доштан имкон ҳам надошт, аммо ин дафъа сахт тофт, сангосо сахт мебуд ҳам як навъ; ба тахтапушташ сангчаҳо мехалиданд, ба думбааш фурў мерафтанд, озор медоданд. Сангиной чашм пўшид, гўё то ҳол дар торикӣ ҳам ўро медид, инак дидан нахоҳад; ҳар бор худаш меомаду акнун гурехтан мехоҳад, ҳамин қадар вақт камархонаи хуб – хилватгоҳи ноёб буду акнун гўрхона метобад... Ҳама ҷояш ҳаром шуд – ба шустан тоза намешавад, кароҳат дар танаш монд, бўи бад меояд, куртааш олуда – ба хок олуда, ба ҳаромӣ олуда ва боз ба як ширеши ифлос... Нафаси Зукур тез шуда, шасти аз пеши назараш дур шудани қаторро ёд овард, ки бо ҳамон шасту суръат якбора дар гўшҳояш хомўш ва дар чашмонаш нопадид гашта буд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор