Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ором шуд, вазн ба ду оринҷ андохта, сукут меварзид.
Ҳис мекард, ки Сангиной хестанист: ўро оғўш намекунад, пушту паҳлў ва паси гардани ўро намемолад, навозише надорад, балки дастонашро дур мегирад, рўяшро яктарафа мегардонад, ки Зукур дар торикӣ намедида бошад, тела намедиҳаду аз тела додан бадтар
– майли хестан дорад.
— Хафа шудӣ, Сангиной?
— Аз чӣ?
— Аз он ки ҳар сари моҳ мебинем, гуфтам.
— Не... Аз дигар чиз метарсам... Аз он ки ин ҷо будани туро медонанд...
Зукур хомўш монд ва оҳиста хест, ки табъи дили Сангиной карда бошад, Сангинойро ҷавоб медода бошад, вале Зукур дар ин ғояти шаб ин корро карда натавонист; зеро агар Сангинойро ҷавоб диҳад, худаш низ бояд биравад. Ў ба чунин кор имкон надошт: чоруқҳои даридааш, ки танҳо чарми кафи пой монда, пошнаву зери панҷаҳо хўрдаву сўрох шуда буданд, сафари шабонаро бозмедоштанд. Аз тарси хорҳову сангрезаҳову реғаву сангҳои тез озими роҳ нашуда, субҳро мунтазир гашт ва бо ҳамин баҳона Сангинойро боздошт:
— Субҳ меравӣ, Сангиной.
— Чӣ хел?
— Ман шабона роҳ рафта наметавонам, чоруқҳоям даридагӣ...
Рўзона ҳам мушкил...
Сангиной бари доманашро афшонд, ки гарди хок мерезонда бошад, гўё ғаши дилашро тоза мекард, дар сар андешаи дигар дошт: «Чоруқҳояш даридааст...» Ў баргашта ба Зукур нигарист, надид. Аз раҳм нигоҳ кард ба ў, наёфта даст ёзид, то пайдо кунад, лекин аз рўи овозаш медонист, ки вай наздики наздик аст
– нафасашро ҳис мекунаду намебинад. Вай мехост даст ба дасти ў расонида гўяд: «Бароят попўш меорам... Чоруқи падарамро... ё маҳсӣ биёрам?» Худдорӣ кард – дасти ба сўи ў ёзидаро боздошт.
Худдориаш дер давом накард:
— Чоруқҳоям ба поят кор намеоянд, ки рафта биёрам...
— Ташвиш накаш, пойҳоям ба сахтиву тезиҳо одат карданд.
Вай дар торикӣ ҳам ба Сангинойи девонаавзоъ монанд набуд, балки ҷавонзани раҳимаи дилсўзро мемонд, ки ҷуз худаш касе чунин ҳолатро фаҳмида ва ё пай бурда наметавонад... Гиристан мехост, ба бахти хеш, ба қисмати худ гиристан мехост, ки баъди рафтани Зукур ҳам, баъди ғайб задани ў ҳам миёни мардум буда наметавонад; акнун якумра ба таънаву маломат ғўтид – ба ғаждобаи гандидаи часпак, ки баъди фурў мондан пой баргирифта нашавад. Гиристан мехост, боз намехост, то Зукур оби чашми ўро набинад, гумон накунад, ки барои ў мегиряд, дар ғами ў месўзад.

пешина
аз 429
навбатӣ