Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чӣ андоза ҷиддист падар:
ба ҳайкали ғазаб мемонад; гоҳе ки аз умқи чашмони хаёлиаш нафрат меборад, аз ғазаб дар мегирад. Ҳайкал ба ҷунбиш омада, дандонҳояш соиш хўрда, якбора меларзад ва кадом хаёли танҳо барои хеш маълумро аз сар дур андохта, ба ҳуш меояд, ки гўё занаш рў ба рў пайдо омадаст: бо чунин ҳайкали ғазаб аз занаш
– Рисолат метарсад – муттаҳам барин... «Шояд ман ҳам рўзе дар назди Сангиной чунин кўтоҳзабон гардам?» Зукур медонад, ки падар ҳайкали ғазаб бошад ҳам, писарро гирифтаҷиготу гиреҳабрў пазиро намегардад, балки аз дидораш шод гашта, чун одат даст бар дўши ў ниҳода «аз худам шудагӣ, ба худам рафтагӣ, писари худам» мегўяд. Дар чунин ҳолатҳо падар дар назди модар хурўси гурехтаро мемонад ва модар модашерро: модар афсун мекардагӣ барин чашмони зебову шаҳлояшро танг карда, ба вай менигарад ва якбора дар гирифта ба аланга табдил меёбад ва панҷаи фўлодини гудохтааш баробари доштан ба ҷисми ў фурў меравад. Чунин хислати модарро дониста Зукур худро нишон надод, вагарна азм карда омада буд, ки ё дар оғил қатори ҳайвонҳо зиндагӣ мекунад ва ё дар чордевори иморати пеш аз саршавии ҷанг ба нияти Зукур бардоштаашон, ки имкони пўшидани бомаш нашуда буд.
Қарораш ҳамин хел буд, хаёл ҳам мекард, ки ҳар бори ба ҳайвонҳо наҳорӣ андохтан Сангиной барояш ягон чиз меорад... Аз модар тарсида ин корро накард – аз модари зори худ, ки дар чунин ҳолатҳо барояш моиндар метобад. Ҳатто вақтҳое буд, ки даҳон пур карда аз падар пурсидан мехост, ки ҳамин занак модари ўст ва ё моиндар аст? Боз худдорӣ мекард... Ҳо, Рисолат модари ўст, ғазабаш, ки гирифт, моиндар метобад... Ҳама умр не, гоҳ-гоҳ дар ғазаб мешавад: Абўшукурро, ки ба ёд овард, ғазабаш мегирад, кирдори Абўмансур, ки хотирнишон шуд, дар мегирад... ва агар баргаштани Зукурро донад... Вале ҳоло Зукур намедонад, ки модар дар чӣ ҳол аст...
Вай чашмони бефурўғашро дурудароз ба Абўмансур медўзад, ки ягон чизро пай бурда ба ў чизе мегўяд, аммо аз ҳафтафаҳмии вай дилгир шуда, гардани андаке паҳлў гардондаашро рост мекунад, ки ҳамдигарро нафаҳмидаву надониста мемуранд. «Аз гуноҳам гузар!» мепурсад Абўмансур. Занак чашм мепўшаду чизе гуфта наметавонад; фикр дар сараш давр мезанаду забонаш кор намекунад: «Ту назди ман гуноҳ надорӣ, назди ҷумла инсон гунаҳгорӣ...
шуста намешавад гуноҳи шумо...» Шумо гуфта нажоду авлодро дар назар дорад, аммо забон нест, ки гўяд. Чашмонаш кушода шаванду пўшида, пўшида шаванду кушода ва Абўмансур хаёл кунад, ки занаш «бахшидам гуноҳатро» мегўяд ва мардак ҷавоб:
«Ман ҳам бахшидам гуноҳатро!» Инро занак хуб мешунавад, чашм мекушояд ва ҳайрон ба ў менигарад, ки гуноҳаш чӣ бошад?

пешина
аз 429
навбатӣ