Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хиёнат накардааст, молашро, пулашро надуздидааст, сирру асрорашро ҳувайдо накардааст, сухани хона ба бозор набурдааст...
чӣ бошад гуноҳаш? Гуноҳаш ҳамин ки ба ҳама гуна носозиҳо муросо кард, ба ҳама чиз тоб овард, ҳама чизро ба дил гирифт, ҳамчу тарбузи лалмӣ аз дарун соф шуд... ана акнун дар гирифта, аланга зада, сўхта хокистар мешавад... Аз дарун тамом, вагарна зўр зада, қомат рост карда ҳамаашро мисли як каф оби сард ба рўйи Абўмансур мепошид. Гуноҳ шавад ҳам, боке не, дар охират ҷазояшро кашад ҳам, пушаймон нест, лекин бояд ҳамаашро гўяд, то аз аламу оташу алангааш гўр ҳам насўзад... Мегўяд инро, чунин фурсат меояд, ки мегўяд, ақаллан вақти хонаравшанкунӣ сию ду рагро фишурда, боз як дақиқа аз осмон ё аз замин умр талабида, ҳамаашро мегўяд, сонӣ...

XIII

Чашми рўз накафида Зукур ба роҳ даромад ва офтобзард даҳони сиёҳи ғори Амбалро дид. Тааҷҷуб кард, ки чаро то алвақт сиёҳ будани онро пай набурда будааст ва ҳоло намедонад, ки сиёҳӣ аз дуди оташи Ваҳшӣ аст ва ё аз таъсири ягон чиз чунин сиёҳ метобад.
Ў ланг-лангон то назди гўр омад, аммо ба гўр эътиборе надода, як зайл ба даҳонаи ғор менигарист, ки Ваҳшӣ мебаромада бошад.
Нишаст. Фарози якрост, ки ўро монда карда буд, нишаст, то дам гирад. Чун Ваҳшӣ аз хоб хеста, барои сабук шудану шустушўй берун ояд, салом медиҳад ва тозон рафта, даст ба вохўрӣ ёзида, омурзиш мепурсад, ки беҳуда ўро ранҷонд; мефаҳмонад, ки номаш Абўшукур не, Абўзукур… Зукур... Нишасту нишаст, офтоб ба олам паҳн шуд, ба дари ғор ҳам расид, аммо Ваҳшӣ набаромад. Ба гўр рў овард, чизе гуфтанӣ буд, чизе пурсиданӣ буд, вале худдорӣ кард: беҳуда. Аз мурда мадад наҷўянд...
Аз тори ғор садо баромад. Санге ғелида, сангҳоро беҷо карду ғелонд, аммо то замин наомад; ба сангҳои дигар андармон шуд.
Зукур парида хест, зеҳн монду касеро надид. Ва нанишаста ба даҳонаи ғор рафт. Аз равшании берун ғор торики торик метофт.
Хуб нигарист, ки чашмаш ба торикӣ одат кунад, ҷуз сангҳои сиёҳи ошдон, сиёҳии девори ғор ва шохчаҳои ҳезум чизи дигаре наметофт...
«Ако!» – садо дардод ў ва пеш рафт. Ғарами ҳезуму шохчаҳо ба дарозии ғор тўл мекашид, ки Ваҳшӣ дар ин чанд рўз захира кардааст. «Ако!» боз садо кард, аммо ҷавобе нашунид, шарфаи пасте омад, ки чизе мегардад ё мехазад. Аз захираҳои ҳезум донист, ки Ваҳшӣ дур нарафтааст. Пўстҳое, ки Ваҳшӣ ба ҷои пойафзол ба пой мепечонд, паҳлўи пўстак мехобиданд, пайҳои кўтоҳ-кўтоҳи мол ҳам, ки барои пўстҳоро ба пой печондан лаби пўстак буданд.

пешина
аз 429
навбатӣ