Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Рўи пўстак аз бефарагӣ нишаст ва парида хест. Гарм буд пўстак.
Дарёфт, ки Ваҳшӣ он ҷо хоб буда, алҳол худро дар торикӣ кашидааст. «Ако!» Ин дафъа аз садои худ дар баданаш раъша давид.
«Ако! Нагурезед, гап дорам ба шумо!» ва ин дафъа мўи сари кайҳо расидааш рост шуда, тоқии рангпаридаро бардошт. «Қасам ба номи Худо, гап дорам!» Ҷавобе наомад ва Зукур худро наздик карданӣ шуда, савганд мехўрду ширин мегуфт: «Аз ман наҳаросед, ако, натарсед! Хизматгоратон мешавам!» Хомўш буд ғор. Ба назари Зукур ҳоло ҳам садояш, нафасаш дар ғор сайр мекард...
Шапараке аз торикӣ ҷониби равшанӣ парвоз кард, боз гашт; дуто шуданд, сето шуданд шапаракҳо ва ҳавои ғорро такорў карданд.
Ғашовар буд парвозашон, намудашон – болҳои мисли парда ба тан часпидаашон; аз чуғзи вайронахоҳ ҳам батаранд онҳо... Зукур пиндошт, ки Ваҳшӣ пешгаҳи ғор рафтааст, безобитагии шапаракҳо аз ин ҷост. Дер истод, шиками гуруснааш заъф зад... Лангон ҷониби токдон рафт, қад ёзида, чизеро бозёфт кардан хост... аммо шикамашро дошту тоб хўрда ба замин афтид...
Ваҳшӣ аз торикии пешгаҳи ғор, ки уреб неву фурў мерафт, як пой бар лаби замини ғор ва пои дигар дар помонаки тангроҳаи «чоҳ» ба рафторҳои Зукур диққат дода, ҳоло ҳам чизе намефаҳмид.
Ва ҳангоме ки ў чашм ба токдону даст ба дастархон чизе гирифта натавониста, шикамаш заъф зад, донист, ки гушнааст ин Одам.
Хост мадад кунад, аммо зуд аз раъяш гашт... Ҳилла аст ин ҳама:
гўё бо ҳамин роҳ Одам ўро берун оварда, сонӣ ба даст дароварданист; бовар намекунад, ки Одам танҳо бошад – яқин баъди дуру дароз ғайб зада, боз омадан хамроҳ овардааст... Ва як пой дар помонаку пойи дигар андар замини лаби ғор истоду истод, мурод ҳосил нашуд, бинишаст. Нишасту нишаст, зеҳн монду зеҳн монд ва ҳукм кард, ки Одам мурд ва ё рўбоҳӣ мекунад. Намедонист чӣ сон наздик равад. Хавфаш аз берун. Дергоҳ ноҷунбон хобидани Одамро дида, Ваҳшӣ нўг-нўги пой гашта, аз паҳлўи ў гузашт, бозистода ба вай нигашт, ҳамон зайл орому хуфта дида, дами ғор рафт. Аз буни девора зайле нигарист, ки ба Абўшукур нигариста буд... як пояш, ними рўяш, китфи чапаш – нимаш аз ғор берун, ними дигараш даруни ғор буд. Баромад, касеро надид, боз ба ғор нигарист... аз он ҷониб низ ҳаракат набуд. Пасон корҳоеро кард, ки одат дошт... Баъди шустушўй ба ғор баргашт. Одам ҳоло ҳам ноҷунбон буд. Наздик рафт, нафаскашиашро пай бурд ва донист, ки Одам аз ночорӣ баргаштааст. Оташ афрўхт Ваҳшӣ, офтоба пушти оташ гузошт, сонӣ озод рафта, аз токдон гўшт гирифта ба сихчўб гузаронду лахчаи оташро пеш кашида, сихкабобро ба тори ду санги рў ба рў савор кард ва ба гўшаи чашм дид, ки Одам ҷунбид, нола карда паҳлў гашт; ҳоло низ шикамашро сахт медошт. Ваҳшӣ боз ба токдон рў овард: дўлчаи кўҳнаро гирифт, халтачаи шолро гирифт, кӣ дарунаш пур аз забудаву ҷанбилу чойкаҳаку пудинаву зира буд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор