Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ваҳшӣ гўшаи чашм кард ба ў ва пай бурд, ки рафтораш ба Одам нафорид.
— Ува! – хитоб кард ў, то хаёли Зукурро ба дигар чиз банд кунад ва фикри такрорро аз сари худ дур андозад: «Ин ҷо буданатро касе намедонад?»
— Не, – базўр матлабро пай бурда ҷавоб дод Зукур. — Намедонад, ғайри занам касе намедонад.
Ваҳшӣ боз ба хаёл рафт, чизҳое пурсидан мехост.
— Ува! – диққати Зукурро ҷалб кард ў, сонӣ вазни аз миён болоро бардошта нишаст, ба ишораи даст аз ғор берунро дид кард, ду сарангуштро аз гўшҳо боло дошта, бар сар гўш кард ва якбора дастон ба ду тараф кушод: нест...
— Пишак нест? – мақсади ўро фаҳмида пурсид Зукур.
— Ува!
— Мурдагист!
Ваҳшӣ боз дастон ба ду тараф кушод: «намедонам» ва ба тўрбофии барфи даҳонаи ғор дурудароз нигарист, ки ҳар сол як чиз такрор меёбад. Барф зиёд борад, даҳони ғорро қариб маҳкам мекунад, сонӣ паст шуда, дарунтари ғор меравад ва дер об мешавад.
Ваҳшӣ гўё хирсвор ба хоби чилла меравад, танҳо барои қазои ҳоҷат мебарояд. Ҳоло оташдонро дарунтар кашида, аз нафаси сарди барф ба ҷои гармтар рафтаанд. Пўстакҳои хушки ошнадодаро, ки Ваҳшӣ дар тўли солҳои зиндагиаш ҷамъ кардааст, зер андохта ва калонтарашро рўпўш карда, умр мегузаронд... Ҳай тўр мебофт барф – бод бозӣ медоронд онро – аз кўҳҳо, аз баландиҳо омада, дар даҳони ғор гирд гашта, омехта, дар худ печида, тўрбофӣ мекард он. Ва чун бод басанда шуд, барф лап-лап аз тори ғор нишеб мешавад. Ваҳшӣ ба барфи арасот нигариста, пеши назар меорад, ки чӣ хел парер аз дунболи Зукур поида-поида рафт, буни харсанги тори шахи Сафед истодану торик карда ба камар рафтанашро дид, вале омадан ва ё наомадани Сангинойро надида, баргашта омад; баргашт, то аз чунин рафтораш Зукур огоҳ нагардад. Ва чаро чунин кард, худаш намедонад. Акнун андеша мекунад, ки сабаби аз дунболи ў кашол шуда, ба ин қадар роҳи дур рафтанаш чӣ буд?
— Ува! – диққати Зукурро ҷалб кард, даст боло бардошт ба сақфи ғор, аз нигоҳаш маълум буд, ки осмонро дар назар дорад, сонӣ ангушт ба абрў кашиду сўйи осмон бурд, ки моҳро ифода мекард, пасон се ангушти миёна нишон дода, ба роҳи дароз мерафтагӣ барин даст шофсурат ронд.
— Ҳо, ако, моҳ, ки серўза шуд, назди занам меравам.
— Ува! – шодӣ кард ў, то Зукур шод шавад.
Аммо Зукур ба худ гирифтор шуд ва аз рафтори дўшинаи Сангиной ба андеша рафт, ки ба ў чӣ шуда бошад? Сухан аз модаршў равад, рўяшро яктарафа мекард ва ё ҳаракат дошт, ки аз он хусус ҳарфе нашавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор