Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Зукур пойи он раҳо карда аз гулўяш гарифтанӣ буд, ки ба банди дасташ зарбаи сахт расид. Нафаҳмид, ки нохуни хирс пўсти дасташро дарид.
Ваҳшӣ тамошобин буд.... Бел дар даст медошту пеш намеомад.
Медид, ки чӣ зайл хирси пурзўр даҳон дарида, дандонҳои тезашро ҷониби Зукур мебарад ва ўро бо як газидан мағлуб кардан мехоҳад.
Вале дасти Зукур аз гулўи хирс дошта намегузорад, ки дандону даҳони вай ба ягон ҷояш расад. Фақат хирси қомат рост карда худро аз Зукур боло гирифта, аз тор ўро пахш кардан мехоҳад ва ба сарурўй, бозуву дастонаш нохун заданист. Ба назар Зукур бо як даст аз гулўи хирс дошта онро баланд мебардорад. Маълум, ки хирс тан доданӣ нест. Зукур пай бурд, ки дергоҳ онро дошта наметавонад: монда мешавад, ё зери хирс мемонад ё раҳо мекунад.
«Аз пояш кашед, ако!» садо кардан мехоҳад Зукур, аммо сари мардӣ гуфта наметавонад. Маълум, ки қасдан мадад намекунад.
«Чаро?» дар дил мепурсад ў ва дандон ба дандон монда, гулўи хирсро сахттар мефишорад. Панҷааш гиротар ба гардани хирс фурў меравад... Ва акнун ў сарашро пушт дошта, мебинад, ки панҷаҳои хирс дар ҳаво бозӣ мекунанд, ба ҷое намерасанд. Хирс якбора вазн андохт. Миёни Зукур хам хўрд аз вазни гарони хирс.
Хирс ҷонашро халос карданӣ шуда, якбора ўро пеш кашид, худ пас рафт. Зукур гўё чунин лаҳзаро нигарон буд, ки хирсро тела дода ба пушт хобонд ва савор шуд. Хирс аз зер дасту по мезад, сар меҷунбонд, ки халос хўрда, гурезад, чангу нохун зада, ҳама ҷои ўро медарид.... Ваҳшии тамошобин ба Зукур тан дод: дид, ки чӣ хел ў якбора худро бар шиками он хобонда, дастони ўро аз кор мононд ва гулўяшро пахш мекарду пахш... Хирс дасту пой паҳн карду бемадор шуд. Зукур аз тори хирс якпаҳлў афтид, сараш ба барф расида сардиро эҳсос кард, аммо хеста натавонист.
Зукур аз ҳуш нарафта буд. Дам мегирифт. Чашмон пўшида, дастон ба ду тараф кушода, дандон ба дандон монда, «дам» мегирифт, то андаке ба худ омада, ҷониби Ваҳшӣ табассум карда хезад ва ҳеҷ гоҳ напурсад, ки чаро ёрӣ надод... Ҳар қадар худро мард гирад ва бо дард мубориза барад ҳам, пай бурд, ки зўраш рафтааст, хуши хестан надорад... Ба назараш хирс ҷон гирифт ва ҳоло хеста гурехтанист. Зукур чашм кушод ва хирси хобидаро дида, боз чашм пўшид.
— Ува!
Шунид ин овозро, вале чашм накушод. Ҳайраташ афзуд, ки чаро ў боз «ува!» мегўяд? Забон доштааст, ҳарф зада метавонистааст, боз «ува! мегўяд. Чашм накушод, ҷавоб надод, ба танаш расидани дастеро пай бурда, абрў парронд. Ваҳшӣ ўро ҷунбонҷунбон кард. Зукур чашм кушода, тори сар Ваҳширо дид, ки механдид, нарангушт боло дошта, зўр будани ўро мефаҳмонд: «Во!»
Ва ў боз чашм пўшид, ки ҳоло вақти чунин суханҳо нест, дам гирифтан лозим, аммо дар асл фикраш ин нест, балки рафтори Ваҳшӣ ҳайронаш кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор